Раҳмон ва Ҷинпин ҳамдигарро шодбош гуфтанд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон (справа) и председатель КНР Си Цзиньпин
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон (справа) и председатель КНР Си Цзиньпин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2022
Обуна шудан
Роҳбарони Тоҷикистону Чин аз ҳамкориҳои дуҷониба истиқбол намуда, изҳор доштанд, ки минбаъд низ ба ҳамин раванд идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Аз барпо шудани робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Чим расо 30 сол сипарӣ шуд. Ба ин муносибат роҳбарони Тоҷикистону Чин барои шодбошии ҳамдигар барқияҳои табрикотӣ ирсол намуданд.
Бар хабари дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи ирсолнамудааш 30 соли робитаҳои дипломатиро ба раиси Чин, Си Ҷинпин муборак гуфта, аз муносибатҳои дӯстона ва самараноку гуногунҷабҳа миёни Тоҷикистону Чин қайд намуд.

"Мояи фараҳмандист, ки тайи ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Чин дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн масири рушди бемайлон касб карда, ба сатҳи баланди шарикии стратегии ҳамаҷониба расидаанд", - омадааст дар табрикнома.

Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, муносибатҳо миёни ин ду кишвар бар пояи усули ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимод ба якдигар, ҳамдастӣ ва робитаҳои байнидавлатии сифатан нав асос ёфтааст.
Дар идома роҳбари давлат изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Чин бо такя ба таҷрибаи созанда минбаъ д низ густариш ёфта ба манфиати мардумони ҳар ду давлат хоҳад буд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Си Ҷинпин низ дар номаи табрикотии худ қайд намуд, ки тайи 30 соли гузашта муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон ба рушди босуръат ва сатҳи баландтарини худ дар тӯли таърих ноил гардидаанд.
Город Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон эълом шуд: кишвар бештар аз ҳама аз Чин қарздор аст
"Бахусус, солҳои охир мо пешопеши ҷомеаи байналмилалӣ ва аз шумораи аввалинҳо барои бунёди Ҷомеаи рушд ва Ҷомеаи амният, ки ҷиҳати ташкили Ҷомеаи тақдири ягонаи инсоният намуна будаанд, гом гузоштем", - қайд намудааст Ҷинпин
Ҷаноби Ҷинпин аз пандемия гуфт ва тавзеҳ дод, ки "бо имдодрасонии мардумони ду кишвар бародарии воқеиро ба намоиш гузоштем".
Дар идома ӯ қайд намуд, ки ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин таваҷҷӯҳи зиёд дорад ва минбаъд низ ҳамкорӣ ва муносибатҳои қавиро ба роҳ мемонад. Раиси Чин ба кулли тоҷикистониён саодат ва некуаҳволӣ таманно кард.
Лентаи хабарҳо
0