Сафорат қазияи тоҷикони дар фурудгоҳи Маскав дармондаро шарҳ дод

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкМигрант ждет рейс в аэропорту
Мигрант ждет рейс в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2022
Обуна шудан
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, вазъи шаҳрвандони дармонда дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскавро пайгирӣ доранд
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар рӯйхати мамнӯъшудагон қарор доштанд, дар фурудгоҳи шаҳри Маскав дармонданд.
Дар робита ба ин мушкилӣ, сафорати Тоҷикистон дар Русия дар як хабарномае таъкид намудааст, ки аз ҳоли тоҷикон хабардор ҳастанд ва ин масъаларо мавриди назорат ва пайгирӣ қарор додаанд.
Гуфта мешавад, кормандони сафорат бо ширкатҳое, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қаламрави Русия овардаанд, гуфтушунид анҷом дода, дар натиҷа то 3 январ қисми зиёди онҳоро ба ватан гусел кард. Зикр гардид, ки масъалаи баргардондани мусофирони боқимонда низ мавриди баррасии мақомоти дахлдори Русия қарор дорад.
Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирон аз қоидаҳои нави муҳоҷиратӣ дар Русия
Сафорат мегӯяд, сабаби манъи вуруди шаҳрвандони мазкур шомил будани номҳояшон дар рӯйхати мамнуъшудагон аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия аст.
Дар ҳамин ҳол, намояндагии Тоҷикистон дар Русия тавзеҳ додааст, ки барои рӯ ба рӯ нашудан бо чунин мушкилот, шаҳрвандони Тоҷикистон бояд қабл аз сафар ба қаламрави Русия ному насаби худро барои иҷозати вуруд тафтиш кунанд.
Қаблан расонаҳо гузориш доданд, ки 40 шаҳрванди Тоҷикистон аз 27 декабр дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав дармонданд.
Лентаи хабарҳо
0