Тармаи азим роҳи Душанбе - Хуҷандро баст: 25 мошин дар банди тарма монд

© Foto / Хадамоти матбуоти ширкати IRSСнегопад затруднил движение на трассе Душанбе-Чанок
Снегопад затруднил движение на трассе Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2022
Обуна шудан
Дар масири Душанбе - Чаноқ 25 мошин, ки 20 - тои он нақлиёти сабукрав мебошад, дар банди тарма дармондаанд
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Шаби 3 январ дар масири Душанбе - Чаноқ тармаи азим фаромадааст, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёт тариқи ин роҳ пурра баста шуд.
Ширкати IRS, ки масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ягона роҳи байни пойтахт ва шимоли кишвар мебошад, мегӯяд, рӯзи гузашта дар ин масир тармафароии зиёд сурат гирифт, ки дар натиҷа дасти кам 25 мошин дар банди тарма дармонданд.
Манбаъ аз ҷумла фаромадани тармаи азим, ки баландии он 15 метр ва паҳноияш 300 метрро ташкил намуд, зикр кард.
Тармаи азим дар километри 65- уми роҳи Душанбе - Чаноқ фаромадааст ва ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан, то тоза шудани роҳ аз ғарами барф боздошта шуд.
Занесенные снегом дороги в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2022
Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Хоруғ - Ишкошим барқарор шуд, вале хатар ҳаст
IRS тавзеҳ дод, ки ҳоло роҳбарияти Вазорати умури дохилӣ ва филиали ширкат дар маҳалли тармафароӣ қарор дошта, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, то 25 автомобил (панҷ боркаш ва 20 сабукрав), ки дар километрҳои 62 - 73 дар банди тарма мондаанд, ба ҷониби пойтахти кишвар гузаронанд.
Ширкати IRS ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон машғул мебошад ва ахиран эълон кард, ҳаққи истифода аз масири Душанбе - Чаноқро боло мебарад. Далели болоравии нарх афзоиши арзиши молу маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла маҳсулоти нафтию техника ва беқурбшавии пули сомонӣ тайи солҳои охир арзёбӣ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0