"Тармаборон" дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ

© пресс-служба КЧС РТПроезд через засыпную снегом дорогу, архивное фото
Проезд через засыпную снегом дорогу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2022
Обуна шудан
Тармафароӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ, муҳимтарин масири васлкунандаи шимолу ҷануби Тоҷикистон, аз шаби гузашта ба ин сӯ бештар шудааст
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки шоҳроҳро бандад.
Далери Абдулло, сухангӯи IRS (Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД), ширкати масъули нигоҳубини шоҳроҳ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир, ҷуғрофиёи тармафароӣ дар ин масир афзуда, ҳоло ҳудуди 20 километр - аз километри 62 – минтақаи Сиёмаи Варзоб то километри 82 – нақби “Истиқлол” баста шудааст.
"Агар дирӯз 14 тарма фаромада бошад, ҳоло ин рақам ба 17 расидааст. Баландии тарма дар бархе ҷоҳо то 15 метр расида, ҳудуди 35 техникаи корӣ ба минтақа сафарбар шудаанд”, - гуфт Далери Абдулло.
Ба қавли ӯ, шаби гузашта як ҳайате аз вазоратҳои корҳои дохиливу нақлиёт ва мақомоти маҳаллии ноҳияи Варзоб низ ба маҳалли тармафароӣ омаданд ва IRS дар ҳамоҳангӣ бо БДА – и вазорати корҳои дохилӣ ба хотири таъмини бехатарии ронандагону мусофирон тасмим гирифт, ки ҳаракати васоити нақлия дар ин масирро мутаваққиф созанд.
"Дирӯз ду мошини сабукрав зери тарма монд, ки ба гунаи оҷил аз сӯи кормандони ширкати IRS раҳоӣ ёфтанд ва хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест ва ба касе ҳам осеби ҷисмонӣ нарасид. Дар умум, ҳудуди 25 мошин дар минтақаи тармафароӣ банд монда буданд, ки бо талошҳои ширкат берун оварда шуданд. Ҳоло ҳаракат аз ҳарду тараф - ҳам ҷониби ноҳияи Айнӣ ва ҳам ноҳияи Варзоб қатъ шуда, талоши мо бар ин аст, ки имрӯз онро барқарор кунем”, - гуфт сухангӯи ширкати IRS.
Снегопад затруднил движение на трассе Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2022
Тармаи азим роҳи Душанбе - Хуҷандро баст: 25 мошин дар банди тарма монд
Бориши барф дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон аз ду рӯз ба ин сӯ шиддат гирифта, вазъе, ки дар масири кӯҳистонии Душанбе - Чаноқ ба вуҷуд омадааст, ба гунаи худ бесобиқа будааст.
Ширкати бритониёии IRS тибқи як созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2009 ба ин сӯ масъулияти нигоҳдорӣ ва таъмири ин роҳи 358 - километраро дорад.
Лентаи хабарҳо
0