Алмато дар оташ: дафтари пешини президент сӯхта истодааст - видео

Обуна шудан
НовостиTelegram
Эътирозгарон бошишгоҳи пешини раисҷумҳури Қазоқистонро дар Алмато ғасб кардаанд. Бинои бошишгоҳро чун дигар иншооти маъмурӣ оташ фаро гирифтааст
Дар Алмато бинои шаҳрдорӣ, додситонӣ ва бошишгоҳи пешини президентро ғасб карда, оташ задаанд. Сӯхтор дар бархе иншооти дигари маъмурӣ, ки эътирозгарон ба он зада даромадаанд, сар задааст.
Сарфи назар аз маҳдудиятҳои алоқаи мобилӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои бетартибӣ ва оташзаниҳо нашр мешаванд. Аз ҷумла дафтари ҳизби ҳокими Nur Otan ва биноҳои додситонию пулс оташ гирифтаанд.
Эълони ҳолати фавқулодда дар пайи эътирозҳо дар Қазоқистон - видео
Пулиси Алмато гузориш дод, ки аз шаби 5 январ дар шаҳр қариб 120 мошин, аз ҷумла 33 худрави пулис сӯзонда шудаанд. Тахрибгарон ҳудуди 120 мағозаро шикаста, ба 180 корхонаю 100 дафтари корӣ осеб расондаанд. Дар пайи бетартибиҳо 500 нафар зарар дидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки эътирозҳо алайҳи болоравии нархи гази моеъ дар вилояти Мангистауск оғоз гардида, дар нуқоти дигари кишвар низ паҳн шуданд. Президенти кишвар, Қосим-Ҷомарт Тоқаев ваъда дод, ки талаботи қонунии эътирозгарон баррасӣ ва ҳал мешаванд. Ӯ шаҳрвандонро ба хирадмандӣ даъват намуда, изҳор дошт, ки гап сари нумӯи худи онҳо низ ҳаст.
Лентаи хабарҳо
0