Маош дар парлумон: Хизматчии давлатӣ чанд сомонӣ мегираду фаррош чанд?

© Sputnik / Амир ИсаевПарламент Таджикистана, архивное фото
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2022
Хароҷоти моҳона барои пардохти музди меҳнати кормандони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Фонди ҳармоҳаи музди меҳнати хизматчиёни давлатии маъмурӣ дар дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муодили 717 ҳазор сомонӣ мебошад.
Ин нукта дар сметаи ягонаи даромаду хароҷоти палатаи поёниии парлумон, ки ахиран тасдиқ шуд, таъкид гардидааст.
Басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 118 нафарро ташкил медиҳад, навиштааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Ҷамшед Муртазозода, раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори палатаи поёнӣ.
Бар асоси ин омор, сари ҳар нафар хизматчии давлатии маъмурии дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба ҳисоби миёна беш аз 6 ҳазор сомонӣ моҳона рост меояд.
Рустами Эмомалӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Тасдиқи хароҷоти солонаи Маҷлиси миллӣ
Барои ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ фонди ҳармоҳаи музди меҳнат дар соли 2022 ба андозаи 124 ҳазор сомонӣ тасдиқ шудааст. Басти вазифаҳои ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ 162 нафарро ташкил медиҳад, ки ба ҳисоби миёна сари ҳар нафар 765 сомонӣ моҳона рост меояд.
Ҷамшед Муртазозода изҳор доштааст, ки дар маҷмуъ бар асоси қонуни буҷаи соли 2022, барои Маҷлиси намояндагон ва сохтори он 21 миллиону 155 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 63 вакил дорад, ки маоши онҳо соли 2011-ум дар ҳаҷми ҳудуди як ҳазор доллар, ки он замон наздики 5 ҳазор сомонӣ буд, муайян карда шуд ва то ҳол аз тағйири маоши вакилон расман гузорише нашр нашудааст. Маоши раиси Маҷлиси намояндагон ду баробар бештар аз маоши вакилон арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала