Дуздӣ, роҳзанӣ, авбошӣ, қаллобӣ кам шуд: гузориши милисаи Душанбе аз кораш дар соли 2021

© Пресс служба президента РТГенерал-майор милиции Шариф Назарзода
Генерал-майор милиции Шариф Назарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе таҳти раёсати генерал Шариф Назарзода фаъолияти яксолаашро ҷамъбаст намуда, аз коҳиши ҷиноёти сангин дар пойтахт гузориш дод
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Раёсати умури дохилии Душанбе як дастовардашро дар он гуфтааст, ки тайи 12-моҳи соли 2021 дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт нисбат ба соли пешӣ 311 адад ё худ 8,03% ҷиноят камтар содир гардид.
Ба иттилои мақомоти умури дохилии пойтахт, аз ҷумла содиршавии ҷиноятҳои вазнин – 15,8%, роҳзанӣ – 33,3%, ғоратгарӣ – 10,5%, дуздӣ – 7,24%, авбошӣ – 13,8% ва қаллобӣ – 4,32% коҳиш ёфтаанд.
Инчунин дар ҷаласаи ҷамъбастии мақомоти милиса хабар дода шуд, ки ҷинояткорӣ миёни ноболиғон низ ба андозаи 7% коҳиш ёфтаст.
Интерпол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2022
Тоҷикистон 3 ҳазору 140 нафарро аз тариқи "Интерпол" дунболагирӣ дорад
"Дар ин давра 110 нафар ноболиғон даст ба ҷиноят задаанд, ки 32 нафарашон сокинони шаҳри Душанбе ва 78 нафар сокинони минтақаҳои кившар мебошанд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки аз ҷониби ноболиғон - сокинони шаҳри Душанбе нисбати соли пеш 37 нафар камтар даст ба ҷиноят заданд. Зикр гардидааст, ки соли 2021 дар ҳудуди пойтахт ҷиноятҳои гурӯҳӣ бо истифодаи яроқи сард аз ҷониби ноболиғон умуман ба қайд гирифта нашудааст.
Мақомоти милиса бо таъкиди он, ки ҷинояткорӣ миёни ҷавонон низ ба андозаи 4,5% коҳиш ёфтааст, хулоса кардаст, ки маърифати ҳуқуқиву шаҳрнишинии ин қишр боло рафтааст.
Лентаи хабарҳо
0