https://sputnik-tj.com/20220106/intiqol-neru-saad-qazoqiston-kor-video-1044631204.html
Интиқоли нерӯҳои СААД ба Қазоқистон: Онҳо чӣ кор мекунанд? - видео
Интиқоли нерӯҳои СААД ба Қазоқистон: Онҳо чӣ кор мекунанд? - видео
Ҳавопаймоҳои низомии Русия ба интиқоли низомиёни посдори сулҳ дар ҳайати нерӯҳои СААД барои кумак ба Қазоқистон оғоз кардаанд
2022-01-06T19:00+0500
2022-01-06T19:00+0500
2022-01-10T15:50+0500
видео
қазоқистон
интиқол
саад
низомӣ
бетартибӣ
муҳофизат
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/06/1044628838_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_bbac468c4541770d84a71a2c9c8312df.jpg
Нерӯҳои посдори сулҳ аз Русия низомиёни воҳиди десанти ҳавоӣ мебошанд, ки тариқи ҳавопаймоҳо ба Қазоқистон интиқол дода шуданд. Таъкид шудааст, ки қисмҳои пешоҳанги нерӯҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аллакай ба иҷрои вазифаҳояш оғоз кардааст. Владимир Зайниддинов, сухангӯи СААД, гуфт, нерӯҳои ин созмон ба ҳифзи идораҳои муҳими давлатӣ, иншооти низомӣ машғул шуда, ҳамчунин барои мақомоти ҳифзи тартиботи Қазоқистон низ кумак мекунанд. Маълум шуд, ки Тоҷикистон чанд нафар низомиро ба Қазоқистон мефиристадДар маҷмуъ ба ҳайати нерӯҳои посдори сулҳ низомиён аз Тоҷикистон, Русия, Белорус, Арманистон ва Қирғизистон шомил мебошанд. Интизор меравад, ки ин нерӯҳо то ба эътидол омадани вазъ дар Қазоқистон боқӣ хоҳанд монд.Ирсоли нерӯҳои СААД бо дархости Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон сурат мегирад. Интизор меравад, ки аз Тоҷикистон низ ҳудуди 200 низомӣ дар таъмини тартибот дар Қазоқистон ширкат менамоянд. Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодда эълон гардидаст.
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Кадры вылета миротворцев РФ в Казахстан в рамках миссии ОДКБ
Опубликованы кадры отправки российской части миротворческого контингента в Казахстан
2022-01-06T19:00+0500
true
PT1M00S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/06/1044628838_0:0:1440:1080_1920x0_80_0_0_43b13695e69050f492e631d8fbfbd6ed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
видео, қазоқистон, интиқол, саад, низомӣ, бетартибӣ, муҳофизат, видео
Интиқоли нерӯҳои СААД ба Қазоқистон: Онҳо чӣ кор мекунанд? - видео
19:00 06.01.2022 (Навсозишуда: 15:50 10.01.2022) Ҳавопаймоҳои низомии Русия ба интиқоли низомиёни посдори сулҳ оғоз кардааст, ки дар ҳайати нерӯҳои СААД ба таъмини тартибот дар Қазоқистон машғул мешаванд
Нерӯҳои посдори сулҳ аз Русия низомиёни воҳиди десанти ҳавоӣ мебошанд, ки тариқи ҳавопаймоҳо ба Қазоқистон интиқол дода шуданд. Таъкид шудааст, ки қисмҳои пешоҳанги нерӯҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аллакай ба иҷрои вазифаҳояш оғоз кардааст.
Владимир Зайниддинов, сухангӯи СААД, гуфт, нерӯҳои ин созмон ба ҳифзи идораҳои муҳими давлатӣ, иншооти низомӣ машғул шуда, ҳамчунин барои мақомоти ҳифзи тартиботи Қазоқистон низ кумак мекунанд.
Дар маҷмуъ ба ҳайати нерӯҳои посдори сулҳ низомиён аз Тоҷикистон, Русия, Белорус, Арманистон ва Қирғизистон шомил мебошанд. Интизор меравад, ки ин нерӯҳо то ба эътидол омадани вазъ дар Қазоқистон боқӣ хоҳанд монд.
Ирсоли нерӯҳои СААД бо дархости Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон сурат мегирад. Интизор меравад, ки аз Тоҷикистон низ ҳудуди 200 низомӣ дар таъмини тартибот дар Қазоқистон ширкат менамоянд.
Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодда эълон гардидаст.