Мақомоти Суғд гуфтанд, чанд нафар аз ин вилоят феълан дар Қазоқистонанд

© REUTERS / PAVEL MIKHEYEVПротестующий идёт мимо государственного флага, Казахстан
Протестующий идёт мимо государственного флага, Казахстан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2022
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд теъдоди муҳоҷирон аз ин вилоят дар Қазоқистонро эълон карда, афзуд, ки то ҳол касе аз онҳо осеб надидааст
ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Мақомоти Суғд мегӯянд, феълан 3 ҳазору 805 сокини шаҳру навоҳии вилоят дар Қазоқистон қарор доранд.
Дар ин бора Диловар Муродов, масъули раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд, ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ӯ афзуд, ки аз шумори умумии муҳоҷирони суғдӣ дар Қазоқистон 3 ҳазору 183 нафар мард ва 622 зан мебошанд.
Қазоқистон баъд аз Русия дуюмин кишвари қабулкунандаи асосии муҳоҷирон аз Тоҷикистон мебошад. Бар асоси иттилои оморӣ, феълан аз вилояти Суғд беш аз 181 ҳазор муҳоҷир дар қаламарави Русия қарор доранд.
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2022
"То ҳол касе осеб надидаст": маслиҳати ВУХ ба тоҷикони муқими Қазоқистон
Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия аз шаҳрвандони кишвар хостааст, аз сафар ба Қазоқистон худдорӣ намоянд. Ба онҳое, ки феълан дар Қазоқистон қарор доранд, тавсия дода шудааст, ки ҳушёриро аз даст надода, аз ҷойҳои серодам канорагирӣ намоянд.
"Дар сурати ба мушкилӣ дучор гардидани шаҳрвандони Тоҷикистон, зарур аст, ки фавран ба телефони шабонарӯзии сафорат дар шаҳри Нур-Султон +77172240929 хабар диҳанд", - таъкид намудаст ВУХ.
Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодда эълон гардидаст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала