Афзоиши роҳкиро дар масири Хуҷанд – Душанбе: гилаи мусофиру шарҳи ронанда

© Sputnik / Амир ИсаевПлатный участок дороги в Варзоб, архивное фото
Платный участок дороги в Варзоб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Роҳкирои мусофирбарҳо дар масири Хуҷанд – Душанбе ва баръакс то ба 250 сомонӣ расидаст. Дар ҳоло, ки гаронтарин ҳаққи роҳ то охири соли гузашта 200 сомонӣ буд
ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Мусофирони масири Хуҷанд – Душанбе – Хуҷанд мегӯянд, аз аввали соли 2022 роҳкирои мусофирбарҳои хурд аз 30 то 50 сомонӣ боло рафта, то ба 150 – 200 сомонӣ баробар шудааст.
Кароматулло Исмоилов, як мусофири хатсайри Хуҷанд – Душанбе мегӯяд, гароншавии роҳкиро тайи рӯзҳои охир рух додаст.
"Чандин ронандаро пурсидем, аз 150 сомонӣ кам намешавад, гуфтанд. Ронандаҳои мошинҳои ҷип аз ин ҳам баландтар - 250 сомонӣ талаб доранд”, - гуфт мусофир.
Министр транспорта Республики Таджикистан Худоёрзода Худоёр Завкибек - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
"Гарон беҳикмат нест": Худоёрзода гуфт, чаро ҳаққи хадамоти IRS боло рафт
Ӯ афзуд, ки қаблан роҳкиро барои мусофирбарҳои 8-нафара 120 сомонӣ ва ҷипҳое, ки ба ҳисоби ронанда 5 мусофир мегиранд 200 сомонӣ буд.
Нозим, як ронандаи мошини “Opel”, ки дар автовокзали Хуҷанд мунтазири мусофирон буд, баландшавии роҳкироро таъйид намуда, сабаби онро аз як сӯ гароншавии ҳаққи плазаҳои сари роҳ ва аз ҷониби дигар мушкилии ҳаракат дар шароити барфрезию яхбандӣ хонд.

"Аз аввали соли 2022 ҳаққи плазаҳои роҳ то расидан ба шаҳри Душанбе 24 сомонӣ гарон шуд. Агар пештар 65 сомонӣ барои плазаҳо пардохт мекардем, ҳоло 89 сомонӣ медиҳем", - изҳор дошт ронанда.

Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки дар шароити барфу тумани фасли сармо мошинро оҳиста меронанд, ки аз ин ҳисоб низ хароҷоти сӯзишворӣ бештар мешавад. Ронандаҳои дигар ҳам аз сабаби аслии баланд намудани ҳаққи хизматрасониро ба тағйирёбии нархҳо дар нуқтаҳои пулгирии роҳи Хуҷанд – Душанбе ва шароити ҳаракат рабт доданд.
Горы Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2022
Роҳи Рашт - Сангвор кушода шуд: Ҳушдори КҲФ аз тармафароӣ
Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" - IRS, ки масъулияти нигоҳдорию пулчинӣ дар ягона роҳи мошингарди пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо пойтахтро, 11 сол ба ин су дар ихтиёр дорад, сар аз 1 январи соли ҷорӣ қиммати тарофаҳояшро дар шаш нуқтаи пулчинӣ аз 2 то 24 сомонӣ боло бурд.
Шаш плазаи толингӣ ва ё нуқтаи пулчинии ин ширкат умдатан дар ҳудуди шаҳру навоҳии Суғд ҷойгиранд. Масъулони IRS боло бурдани арзиши тарофаҳоро ба афзоиши хароҷоти истеҳсолӣ, болоравии сатҳи таваррум, коҳиши қурби сомонӣ дар баробари доллар ва дигар омилҳо рабт доданд.
Лентаи хабарҳо
0