Сӯхтор дар тарабхонаи "Яккасарой" - видео

© Sputnik / Амир ИсаевПожарная машина в Душанбе
Пожарная машина в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2022
Обуна шудан
Феълан оташнишонони Вазорати корҳои дохилӣ талош доранд, оташро хомӯш кунанд
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Дар яке аз тарабхонаҳои машҳури Душанбе "Яккасарой" сӯхтор ба амал омад.
Дар ин бора АМИТ "Ховар" хабар медиҳад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо аз ҷои ҳодиса нашр шудааст.
Аз навор дида мешавад, ки алангаи оташ аз тоқҳо ва боми тарабхона баромада дуди ғафс боми тарабхонаро фаро гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки барои хомӯш кардани сӯхтор якчанд мошини оташнишонии Сарраёсати Хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ дар макони ҳодиса фаъолият доранд.
Тарабхонаҳои маъруфи Душанбе "Яккасарой" дар наздикии Маҷмааи давлатии табъу нашри "Шарқи озод" ҷойгир аст.
Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон то ҳол сӯхтор дар тарабхонаро шарҳ надодаанд.
Лентаи хабарҳо
0