Борону барф, тормеғу сардӣ то 35 дараҷа: Пешгӯии обуҳавошиносони тоҷик

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкОсенняя непогода
Осенняя непогода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2022
Обуна шудан
Обуҳавошиносони тоҷик хабар додаанд, ки дар ҷумҳурӣ ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон ва барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст., хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносӣ.
Ба итилои манбаъ, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа сард, рӯзона аз 2 дараҷа сардӣ то 3 дараҷа ҳаво гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 22-27, дар баъзе минтақаҳо то 30-35 дараҷа хунук ва рӯзона 5-10 дараҷава дар баъзе минтақаҳо то 12-17 дараҷа сард шудани ҳаво дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, обуҳавошиносони тоҷик хабар доданд, ки Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, танҳо шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва барф ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд.Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона ҳаво 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Аммо дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунк то 4 дараҷа гарм мешавад.
Скорая помощь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2022
Сартабиби Хуҷанд аз таъсири сардӣ ба хуруҷи бемориҳо ва афзоиши муроҷиат ба шифохона гуфт
Дар вилояти Хатлон низ ҳаво абрнок, шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи водигӣ бориши сусти борон, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши сусти барф ба амал омада, рӯзона асосан бебориш шуда, тормеғ (туман) мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона то 5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, дар водиҳо баъзан бориши сусти борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борону барф ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 3-8 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа сардӣ то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок дар назар буда, дар баъзе ҳолатҳо борон борида, тормеғ мефарояд. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0