Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирони тоҷик: Русия ба қавонини муҳоҷиратӣ тағйирот ворид кард

© Sputnik / Денис Гришкин / Гузаштан ба хазинаи аксПосетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы близ деревни Сахарово, где оказывают услуги для трудовых мигрантов.
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы близ деревни Сахарово, где оказывают услуги для трудовых мигрантов. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2022
Намояндагии Вазорати меҳнат, дар Русия ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ҳушдор додааст, 15 июни соли гузашта ба қавонини ин кишвар як қатор тағйиру иловаҳо ворид шуд, ки аз 29 декабри соли 2021 мавриди амал қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Тибқи иттилои намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, ба қавонини будубош, вобаста ба фаъолияти меҳнатӣ, таҳсил, шахсӣ, сайёҳӣ, меҳмонӣ, тиҷоратӣ, иқомати муваққатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба қаламрави Русия ворид мегарданд, тағийрот ворид шудааст.
Таъкид шудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ бояд, пеш аз сафар ба Русия бо қонунҳои амалкунанда ва тартиби будубош шинос шуда, ҳангоми ворид шудан ба қаламрави Русия талаботи қонунгузории ин кишварро риоя намоянд.
“Тибқи тағйироти ахир он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба қаламрави Русия ворид мешаванд, бояд дар муҳлати 30 рӯзи тақвимӣ худро аз қайди ҳатмии давлатии изи ангушт (дактилоскопия) ва аксбардорӣ гузаронанд. Бақайдгирии ҳатмии давлатии изи ангушт ва аксбардорӣ ҳангоми супоридани бастаи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти иҷозати фаъолияти меҳнатӣ (патент) амалӣ мешавад”, - қайд кардаааст манбаъ.
Центр содействия мигрантам в Волгограде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Патент ду баробар бештар дода шуд: шарҳи вазъи муҳоҷират дар Русия
Инчунин манбаъ илова кардааст, ки тибқи тағийроти ахир, шаҳрвандоне, ки ба ғайр аз фаъолияти меҳнатӣ ба қаламрави Русия ворид мегарданд ва беш аз 90 рӯзи тақвимӣ дар қаламрави ин кишвар будубоши муваққатӣ доранд, қайди ҳатмии давлатии изи ангушт (дактилоскопия) ва аксбардорӣ барои онҳо низ татбиқ мешавад.
Қайд карда шудааст, ки шаҳрвандони хориҷии аз 6-сола боло дар қайди давлати изи ангушт ва аксбардорӣ иштирок менамоянд ва барои гузаштан аз сабти ҳатмии давлатии изи ангушт ва аксбардорӣ ин категорияи шаҳрвандон бояд ба шуъбаҳои минтақавии Вазорати корҳои дохилии Русия, корхонаҳои тобеи он (Корхонаи воҳиди давлатии федералии "Хидмати шиносномадиҳӣ ва раводидӣ"-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия) ё ба ташкилоти ваколатдори Маркази хизматрасонии давлатӣ “Ҳуҷҷатҳои ман” (Мои документы) муроҷиат намоянд.
Дар ҳамин ҳол шаҳрвандони хориҷие, ки на ба мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба қаламрави Русия ворид мегарданд, дар муҳлати 90 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи воридшавӣ ба қаламрави ин кишвар уҳдадор мешавад, ки аз ташхиси тиббӣ оид ба истеъмол нанамудани маводи мухаддир ва маводи психотропӣ ва ҳамчунон касалиҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО дар муассисаҳои тиббии ҳудуди Русия аз ташхиси тиббӣ гузаранд.
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2021
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Ё худро дар Русия ба қайд гиред ё ин кишварро тарк намоед
Намояндагӣ қайд кардааст, шаҳрвандлони хориҷие, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба қаламрави Русия ворид мешаванд, дар муҳлати 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи воридшавӣ ба кишвар уҳдадоранд, ки дар хусуси истеъмол нанамудани маводи мухаддир, маводи психотропӣ ва набудани мавҷудияти касалиҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО дар муассисаҳои тиббии ҳудуди ин кишвар аз ташхиси тиббӣ гузаранд.
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, тибқи талаботи қонуни мазкур, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо уҳдадор мешаванд, ки ҳангоми ворид шудан ба ҳудуди Русия талаботи мазкурро риоя намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала