Мақомоти Тоҷикистон гуфт пули патентро дар Маскав бояд чӣ гуна пардохт кард

© YouTube / Moscow Migration CenterПолучить патент в Многофункциональном Миграционном Центре Москвы в Сахарово
Получить патент в Многофункциональном Миграционном Центре Москвы в Сахарово - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2022
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ахиран дар сомонаи худ қоидаи дурусти пардохти пул патентро барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик нашр кардааст
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Тибқи иттилои намояндагии ин ниҳоди давлатӣ дар Русия, аз 1 январи соли 2022 рамзи буҷавии нишондод аз даромад (КБК) иваз шуда, ба суроғаи зайл шаҳрвандонамон метавонанд пардохти маблағ аз ҳисоби даромади худро (маблағи патент барои фаъолияти меҳнатӣ) амалӣ намоянд.
“Тибқи фармони Вазорати молияи Русия аз 1 январи соли 2022, рамзҳои намудҳои даромади буҷет ва рамзҳои дахлдори гурӯҳи таҳлилии зернамудҳои даромадҳои буҷет иваз карда шудаанд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Манбаъ қайд кардааст, ки мутобиқи замимаи рақами яки тартиби мазкур дар бораи қабули пардохтҳо, барои пардохти андоз аз даромад барои шахсони воқеӣ дар шакли пешпардохтҳои устувор аз даромад ва шахсони воқеие, ки шаҳрвандони хориҷӣ мебошанду дар асоси патент ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд, тибқи моддаи 227.1-и Кодекси андози Русия, рамзи муқарраршударо барои пардохт (КБК) 000 1 01 02 040 01 0000 110 истифода намоянд.
Мигранты на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2022
Дар соли гузашта беш аз 12 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик натавонист вориди Русия шавад
Зикр шудааст, ки рамзи мазкур танҳо барои шаҳрвандони хориҷие мебошад, ки дар шаҳри Маскав ва вилояти атрофи он кору фаъолият мекунанд.
Ҳамзамон намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷиат ва шуғли аҳолӣ иттилоъ додааст, ҳаҷми пардохти маблағи патент барои шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав дар соли 2022 ба 5900 рубл баробар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала