Сухангӯи Назарбоев гуфт, “элбаси” куҷост

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкНурсултан Назарбаев, архивное фото
Нурсултан Назарбаев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури собиқи Қазоқистон дар пойтахти ин кишвар шаҳри Нурсултон қарор дорад ва бо раисҷумҳур дар тамос мебошад
ДУШАНБЕ, 8 январь — Sputnik. Раисиҷумҳури пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Нурсултон қарор дорад. Дар ин бора сухангӯи ӯ Айдос Укибай дар "Твиттер" хабар дод.
“Элбаси дар пойтахти Қазоқистон, шаҳри Нурсултон аст. Мо аз шумо хоҳиш мекунем, ки маълумоти бардурӯғ ва тахминиро интишор накунед”, - навиштааст ӯ.
Вай қайд кардааст, ки Назарбоев баъзе аз мулоқотҳои машваратӣ мегузаронад ва бо Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури ин кишвар дар тамоси доимӣ аст.
Укибай илова кардааст, ки раисҷумҳури собиқ бо сарони чанд кишвари дӯсти Қазоқистон телефонӣ гуфтугӯ кардааст.
"Елбаси аз ҳама даъват кардааст, ки дар атрофи раисҷумҳури Қазоқистон барои бартараф кардани чолишҳои кунунӣ ва таъмини якпорчагии кишвар муттаҳид шаванд", - навиштааст сухангӯи Назарбоев.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 7 январ расонаҳои Қазоқистон хабар доданд, ки раисиҷумҳури пешини ин кишвар бо духтаронаш кишварро тарк кардаанд. Ба иттилои онҳо дар Қазоқистон танҳо бародари хурдии Назарбоев Болат боқӣ монд.

Эътирозҳо дар Қазоқистон

Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон дар авоили моҳи январи соли 2022 оғоз шуданд. Сабаби эътирози мардум ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ гуфта мешуд.
Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои коҳиш додани нарх эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар паҳн шуданд. Онҳо ба зудӣ ба бетартибиҳо, куштору ғорат ва ҳамла ба муассисаҳои давлатӣ табдил ёфтанд.
Бывший премьер-министр РФ Д.Медведев принял участие в заседаниях Совета глав правительств СНГ и ЕАЭС в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2022
Боздошти раиси собиқи Кумитаи амнияти милии Қазоқистон
Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ ва манъи рафтуомад ҷорӣ, ҳамоишҳои оммавӣ ва фурӯши аслиҳа мамнуъ эълон шуд.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор карда, раёсати Шӯрои амнияти ҷумҳуриро бар уҳда гирифт, нахустин президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев аз ин мақом барканор шуд.
Илова бар ин бо дархости Тоқаев як гурӯҳ аз низомиёни кишварҳои узви СААД ба қаламрави ин кишвар ворид шуд.
Дар натиҷаи задухӯрдҳо талафоти зиёде дида мешавад, мақомоти қудратии ин кишвар аз боздошти аъзои гурӯҳҳои террористӣ хабар медиҳанд.
Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо тақрибан 1000 нафар ҷароҳат бардошта ва зарар аз ин таҷаммуъ аз 200 миллион доллар ҳам бештар гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0