Тоқаев: Ба сӯйи террористон бидуни огоҳӣ шиллик кунед

© © Официальный сайт Президента РКПрезидент Казахстана Касым-Жомарт Токаев на открытии фронт-офиса волонтеров Birgemiz
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев на открытии фронт-офиса волонтеров Birgemiz - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон ахиран дар ҷаласаи ситоди зиддитеррористӣ эълон кардааст, ки вазъ таҳти назорати мақомоти маҳаллӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Ба иттилои сомонаи раисҷумҳури Қазоқистон, дар ин ҷаласа раҳбарияти дастгоҳи раисҷумҳур, Шӯрои амнияти миллӣ ва ниҳодҳои қудратии он кишвар иштирок доштанд.
Дар ин ҷаласа раисҷумҳури Қазоқистон эълон кардааст, ки дар аксари минтақаҳои кишвар сохти конститутсионӣ барқарор шуд.
"Сохти конститутсионӣ дар аксари минтақаҳои кишвар барқарор шуд. Вазъ таҳти назорати мақомоти маҳаллӣ қарор дорад. Аммо гурӯҳҳои террористӣ ҳамоно аз силоҳ истифода мекунанд ва ба амволи шаҳрвандон зарар мерасонанд. Бинобар ин тадбирҳои зиддитеррористӣ бояд то маҳви пурраи ҷангҷӯён идома ёбанд", - гуфтааст Тоқаев.
Дар ҳамин ҳол Қосимҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон зимни паёми ахири худ ба мардуми кишвараш гуфт, ба мақомоти қудратӣ фармон додааст, ки ба сӯи террористон бидуни огаҳӣ шиллик ва онҳоро нобуд кунанд.
Протесты в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2022
Сӯхтор, харобиҳо ва посбонии низомиён: оқибати эътирозҳо дар Қазоқистон - акс
"Аз дасти роҳзанҳо на танҳо биноҳои маъмурӣ, балки ба моликияти шахсии шаҳрвандон низ зарар расидааст. Таъсири манфии онҳо ҳатто ба саломатӣ ва ҷони садҳо ғайринизомӣ ва хизматчии ҳарбӣ расонида шудааст. Ба аҳли оила, наздикони осебдидаҳо ва қурбониён изҳори ҳамдардии самимӣ баён мекунам”, - гуфт роҳбари Қазоқистон.
Ба гуфтаи ӯ, дар задухӯрдҳо садҳо нафар ҷароҳат бардоштааст.
Тоқаев таъкид кард, мақомот тамоми талабҳои эътирозгаронро, ки дар шаклҳои осоишта баён шудаанд, шуниданд.
Вай илова кард, ки ҳукумат бо террористҳо гуфтушунид намекунад.

"Дар хориҷ аз кишвар аз тарафҳо даъват мекунанд, ки барои ҳалли мусолиматомези мушкилот музокира кунанд. Чӣ аблаҳӣ, чӣ гуна музокирот бо ҷинояткорону қотилон буда метавонад?", - афзуд Тоқаев.

Ёдовар мешавем, эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз аввали соли 2022 идома доранд. Ба ин тазоҳурот ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ сабаб шуд, ки хашми шаҳрвандони ин кишварро барангехт.
Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои паст кардани нарх эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигари ин кишвар доман паҳн карданд. Аз ҷумла дар Алмаато рӯзҳои чаҳоруму панҷуми январ миёни сокинон ва маъмурони амниятӣ задухӯрди шадид рух дод.
Лентаи хабарҳо
0