Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Олимон мегӯянд, пайдоиши омикрон метавонад аломати хуб бошад: Чаро?

© pixabayИллюстрация коронавируса
Иллюстрация коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2022
Муҳаққиқон вазъи гирифторони омикрони бистарӣ дар бемористонҳоро санҷида бо ҳолати маризоне, ки гирифтори дигар навъҳои коронавирус буданд, муқоиса намудаанд
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Анҷоми пандемияи коронавирус метавонад боиси пайдоиши штамми омикрон шавад, хабар медиҳад "Bloomberg" бо истинод ба олимони Африқои Ҷанубӣ.
Духтурон маълумоти 466 беморро аз беморхонае, ки дар он ҷо аввалин авҷи омикрон рух додааст, мавриди озмоиш қарор доданд.
Мутахассисон маълумоти гирдовардаро бо 3,976 ҳолати сироятшавӣ бо навъҳои қаблӣ муқоиса намуданд. Маълум гардид, ки сатҳи паҳншавии омикрон агарчи зуд бошад ҳам, вале ҷараёни беморӣ нисбатан сабуктар мегузарад.
Фото вирусных частиц COVID-19 штамма омикрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Ваҳми табибон аз штамми нави коронавирус
Муаллифони пажуҳиш мегӯянд, ки агар тамоюли мушобеҳ дар саросари ҷаҳон таъйид шавад, ба зудӣ вазъи пандемия дар ҷаҳон ба эътидол меояд.
Ёдовар мешавем, штамми омикрон бори аввал дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ беш аз ду моҳ пеш кашф шуда буд. Ба гуфтаи олимон, он дорои даҳҳо таҳаввул дар сафедаи S аст.
Муҳаққиқон ҳадс мезананд, ки ин штамм дар нафароне, ки масунияти заиф доранд, аз ҷумла беморони ВНМО ба вуҷуд омадааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала