Пас аз роҳ ёфтани омикрон: Ӯзбекистон қавонини вуруд ба кишварро тағйир дод

CC BY-SA 2.0 / Aleksandr Zykov / Tashkent Airport, UzbekistanТашкентский аэропорт
Ташкентский аэропорт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2022
Сар аз 15 январ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон танҳо онҳое роҳ меёбанд, ки ташхиси ПСР - и онҳо ҳамагӣ 48 соат қабл гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Ӯзбеистон қоидаҳои вуруд ба кишварро сахттар мекунад. Ҳамин тариқ сар аз 15 январ ҳамаи онҳое, ки ба кишвар ворид мешаванд, бояд ба ҷои 72 -соати қаблӣ 48 соат пеш аз рафтан санҷиши ПСР гузаронанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон хабар дод.
Ин тағйирот пас аз он рӯи даст гирифта шуд, ки штамми нави коронавирус - омикрон а ин кишвар низ роҳ ёфт.
Вазорат расман аз як ҳолати сабти штамии омикрон дар ҷумҳурӣ хабар дод.
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Штамми омикрон ба Ӯзбекистон роҳ ёфт
Зимнан, пас аз ин хабар ниҳоди мазкур қарор баровард, ки ба Ӯзбекистон танҳо нафароне роҳ меёбанд, ки ташхиси сиҳатии онҳо аз коронавирус ҳамагӣ 48 соат қабл гирифта шуда бошад. Дар ҳоле, ки қаблан мӯҳлати ин ташхис 72 соат буд.
Вазорати тандурустӣ афзуд, дар сурати мавҷуд набудани шаҳодатномаи санҷиши манфии ПСР барои COVID, ҳамаи меҳмонон бояд дар фурудгоҳҳо, вокзалу гузаргоҳҳои сарҳадӣ аз экспресс санҷиши коронавирус гузаранд.
Олимон мегӯянд, пайдоиши омикрон метавонад аломати хуб бошад: Чаро
Ёдовар мешавем, аввалин афзоиши теъдоди мубталоён ба COVID-19 дар Ӯзбекистон моҳи июли соли 2020 мушоҳида шуда, баъдан дар тирамоҳ рӯ ба коҳиш ниҳоду моҳҳои январ-феврали соли 2021 дар сатҳи 50 нафарӣ дар як рӯз боқӣ монд.
Рӯзи шанбе дар Ӯзбекистон 369 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт шуд, ки аз моҳи октябр ба ин сӯ баландтарин нишондод буд.
Тибқи иттилои вазорат, дар Ӯзбекистон аз ин дард 1494 нафар фавтиданд ва 197 073 бемор комилан шифо ёфтанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала