Дар ошӯбҳои Қазоқистон 164 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохт

© REUTERS / INTERIOR MINISTRY OF KAZAKHSTANПротесты в Казахстане
Протесты в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2022
Дар ҷараёни эътирозҳо дар Қазроқистон 164 нафар кушта шуд
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Ошӯбҳои Қазоқистон 164 кушта бар ҷой гузошт. Дар ин бора РИА "Новости" бо истинод ба Вазорати тандурустии он кишвар хабар додааст.

"Дар ҷараёни ошӯбҳо дар Қазоқистон 164 нафар, аз ҷумла дар шаҳри Алмаато 103 нафар кушта шуд", - омадааст дар хабар.

Sputnik Қазоқистон мегӯяд, ки 21 нафар дар вилояти Қизилӯрда, 10 нафар дар Жамбил ва 8 нафари дигар дар вилояти Алмаато кушта шудаанд. Ҳамзамон дар ҷараёни тазоҳурот дар Алмаато ду кӯдак ҷон бохтанд, меафзояд агентӣ.
Ҳамзамон, беш аз 2 ҳазор сокини Қазоқистон барои кумаки тиббӣ муроҷиат кардаанд.
Ба иттилои шабакаи телевизионии "Хабар 24", аксари қурбониён дар Алмаато будаанд.
Қаблан Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон аз марги 16 маъмури амниятии ин кишвар хабар дода буд. Зиёда аз 1000 кас захм бардоштааст.
Ёдовар мешавем, ки 10 январ президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар кишвар рӯзи мотам эълон кард.

Ноамниҳо дар Қазоқистон

Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз рӯзҳои аввали соли 2022 шурӯъ шуданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ даст ба эътироз заданд.
Баъдтар эътирозҳо дар дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти кӯҳна ва калонтарин шаҳри ҷумҳурӣ паҳн шуданд: дар он ҷо ғоратгарӣ оғоз шуд, ҷангҷӯён ба муассисаҳои давлатӣ ҳамла карданд, силоҳ гирифтанд. Дар посух мақомот то 19 январ дар саросари кишвар вазъияти изтирорӣ эълон намуда, амалиёти зиддитеррористӣ оғоз кард.
Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо дар Қазоқистон ҳудуди 1000 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, 18 корманди амниятӣ кушта шуданд.
Протесты в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2022
Қазоқистон аз ошӯбҳои ахир 210 миллион доллар зарар дид
Субҳи 5 январ раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор кард ва раиси Шӯрои Амният шуд. Тоқаев дар нахустин ҷаласаи Шӯрои Амният таҳти раҳбарии ӯ вазъ дар Қазоқистонро поймол кардани якпорчагии давлат хонда ва гуфтааст, ки аз СААД "барои рафъи хатари террористӣ" кумак хостааст.
Рӯзи 7 январ Тоқаев эълон кард, ки террористҳо, аз ҷумла онҳое, ки аз хориҷ омада буданд, муқовиматро идома медиҳанд ва ваъда дод, ки онҳоеро, ки силоҳ нагузоштаанд, нобуд хоҳанд кард. Илова бар ин, президент қайд кард, ки тамоми дархостҳои шаҳрвандон шунида шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала