Садои тиру фарёди эътирозгарон: видео аз лаҳзаи оташ задани бинои ҳукумат дар Алмаато

Бинои ҳукумати шаҳри Алмааторо зимни ошӯбҳо таш заданд ва феъӯлан ҳаҷми зарари расида ҳисоб мешавад
Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз рӯзҳои аввали соли 2022 шурӯъ шуданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ даст ба эътироз заданд.
Баъдтар эътирозҳо дар дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти кӯҳна ва калонтарин шаҳри ҷумҳурӣ паҳн шуданд: дар он ҷо ғоратгарӣ оғоз шуд, ҷангҷӯён ба муассисаҳои давлатӣ ҳамла карданд, силоҳро гирифтанд.
Санаи баргузории иҷлосияи ғайринавбатии СААД эълон шуд: Ҳузури Раҳмон номаълум аст
Дар посух мақомот то 19 январ дар саросари кишвар вазъияти изтирорӣ эълон намуда, амалиёти зиддитеррористӣ оғоз кард.
Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо дар Қазоқистон ҳудуди 1000 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, 18 корманди амниятӣ кушта шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала