Эълони Cоли риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанбе

© Sputnik / Артур ЛебедевЖезл ГИБДД
Жезл ГИБДД   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Обуна шудан
Дар садамаҳои нақлиётии як соли охир дар шаҳри Душанбе 33 нафар ба ҳалокат расида, 254 нафар маҷруҳ шудааст
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе соли 2022-ро дар пойтахт Соли танзим ва риоияи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ эълон карданд.
Ба иттилои Раёсати умури дохилии Душанбе, гарчанде нишондиҳандаи садама дар пойтахт нисбат ба дигар минтақаҳо поинтар мебошад, ин ниҳод тасмим гирифтааст, усулҳои нави корбариро роҳандозӣ намояд.
Мақомоти умури дохилӣ афзуданд, ки дар маҷмуъ тайи соли гузашта дар ҳудуди кӯчаю роҳҳои пойтахт 242 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки 33 куштаю 254 маҷруҳро бар ҷой гузоштаанд.
Избрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Боздошти ронандаи фирории муттаҳам ба марги роҳгузар
Манбаъ таъкид намуд, ки ҳадаф аз эълони Соли риояи қоидаҳои ҳаракат ҳалли мушкилот дар ин бахш мебошад.
Тавзеҳ дода шудааст, ки аз дағалтарин қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ идораи мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ, бо суръати баланд ва дар ҳолати мастӣ мебошанд, ки дар бисёри ҳолатҳо бо фоҷеа меанҷоманд.
Бар асоси омори мақомоти Душанбе, тайи 12 моҳи соли гузашта нозирони роҳ 382 ҳолати идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 499 далели ба вуҷуд овардани вазъияти хавфнок, 2795 далели вайрон намудаи қоидаи сабқат ва 4 ҳазору 113 ҳолати баланд намудани суръати ҳаракатро сабт кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0