Ҳушдору гилаи Раҳмон дар ҳузури президентҳои СААД: ӯ аз ҷанги толибу 6 ҳазор ҷангҷӯ гуфт

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон в неформальной встрече руководителей государств - участников СНГ
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в неформальной встрече руководителей государств - участников СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз таҷаммуи террористҳо дар вилоёти шимолии Афғонистон ҳушдор дода, аз он гила кард, ки ҳанӯз ҳам барномаи таҳкими ҳифзи марз бо ин кишвар амалӣ нашудааст
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Эмомомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки вазъият дар минтақаҳои наздимарзии Афғонистон бо Тоҷикистон рӯз аз рӯз мураккабтар шуда истодааст.
Ӯ дар нишасти онлайнии сарони кишварҳои узви СААД аз он шиква кард, ки ҳанӯз ҳам Барномаи байнидавлатии таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон қабулу татбиқ нагардидааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо зикри фаъолшавии созмонҳои гуногуни террористӣ дар шимоли Афғонистон инчунин изҳор дошт, ки миёни худи толибҳо низ даргириҳое сурат мегиранд. Вай аз ҷумла мисол овард, ки тайи даргириҳои ахир миёни худи толибон 11 нафар ба ҳалокат расидааст.
Президент хотиррасон намуд, ки нимаи дуюми моҳи августи соли гузашта аз зиндонҳои Афғонистон ҳазорҳо узви созмонҳои гуногуни террористӣ, аз қабили ДИИШ* ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистон* озод шуда, фаъолияти онҳо пурзӯртар шудааст.
Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Даъвати Лукашенко аз раҳбарони СААД барои кумаки ҳарбӣ ба Тоҷикистон
Ба гуфтаи ӯ, махсусан шохаи ба ном "Вилояти Хуросон"- и ДИИШ* фаъол шудааст. Раиҷумҳур бо такя ба маълумоти мақомоти махсуси тоҷик гуфт, дар вилоятҳои шимолии Афғонистон ҳудуди 40 лагери гуногуни омодасозии террористҳо фаъол аст, ки ҳудуди шаш ҳазор ҷангҷӯро дар бар мегиранд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бархе аз тундгароёни дохили кишварҳои узви СААД таҳкими мавқеи террористҳо дар Афғонистонро дида, метавонанд худашон низ ба ҳаракатҳои тахрибкорӣ даст зананд.
Вай таъкид намуд, ки террористҳо ватану миллат надорад ва онҳо бояд нобуд карда шаванд.
Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар марз бо Афғонистон камарбанди амниятӣ ташкил ва ба масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар дода шавад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала