Нишасти сарони СААД дар бораи авзоъ дар Қазоқистон - видео

Обуна шудан
Рӯзи 10-уми январ сарони кишварҳои СААД нишасти ғайринавбатии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро дар шакли онлайнӣ баргузор мекунанд
Ин нишаст ба воқеаҳои ахири Қазоқистон рабт дорад. Музокирот бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон сурат гирифт.
Ҳамаи кишварҳои узви ин созмон ширкати худро дар он таъйид кардаанд ва онро Арманистон раисӣ мекунад.
Санаи баргузории иҷлосияи ғайринавбатии СААД эълон шуд: Ҳузури Раҳмон номаълум аст
Маълум аст, ки дар нишасти СААД президентони Русия ва Қазоқистон, Владимир Путину Қосимҷомарт Тоқаев ва ҳамзамон котиби СААД Станислав Зас иштирок мекунанд.
Қирғизистонро дар нишаст Оқилбек Ҷабборов намояндагӣ мекунад, зеро Содир Ҷабборов президенти ин кишвар феълан дар рухсатӣ қарор дорад.
Дар ҳоли ҳозир шаш кишвар узви ин иттиҳод мебошанд: Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0