Поинравии қурби евро ва рубл ва устувории доллар дар бозори арзи Тоҷикистон

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксБанкноты номиналом 1000 рублей
Банкноты номиналом 1000 рублей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Дар бозори арзи Тоҷикистон баъд аз таҷлили Соли нави милодӣ болоравии қурби сомонӣ нисбат ба евро ва рубли русӣ ба назар мерасад. Пули миллии Тоҷикистон нисбат ба доллар ҳам устуворӣ нишон додааст
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Бозори арзи Тоҷикистон баъд аз сукути тӯлони дубора бедор шуд. Дар ин рӯзҳо дар бозори арз қурби евро ва рубли русӣ тамоюли поинравӣ нишон додааст. Дар ҳамин ҳол, қурби доллар, ки аксари молу маҳсулот ба Тоҷикистон бо ин асъори амрикоӣ ворид мегардад сатҳи устуворӣ нишон дода дар ҳамон 11,30 боқӣ мондааст.
Ба ин тартиб, тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон, сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ бетағйир аст. Ҳоло як доллар ба 11,30 сомонӣ баробар шудааст.
Ёдовар мешавем, ки пули миллӣ охирин маротиба моҳи августи соли 2021 то ҳадди имкон дар баробари доллар заиф шуда буд. Он замон барои як доллар дар бонкҳои кишвар 11,33 сомонӣ медоданд.
Дар мавриди арзи аврупоӣ бошад, як евро бо қурби БМТ 12.7939 сомонӣ муомила мешавад. Пеш аз аз таҷлили Соли нави милодӣ арзиши евро 12.9700 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Курс валют - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Иқтисоддон аз афзоиши рекордии се асъор гуфт, аммо доллар миёнашон нест
Ҳамзамон тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар давоми як рӯз андаке тағйир ёфтааст, ҳоло 1000 рубл 149,3 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки 30 декабри соли 2021 дар кишвар барои 1000 рубл 0. 152,4 сомонӣ медоданд.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7939 то 13.0100 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1493 то 0.1515 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала