Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Қарантини 200 ӯзбекистоние, ки бо маризи омикрон аз Дубай омаданд

Ситуация в связи с коронавирусом  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Маълум шуд, ки штамми нави коронавирус - омикрон ба Ӯзбекистон чӣ гуна роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Омикрон, ки онро СҶБ "нигаронкунанда" номидааст, ба Ӯзбекистон роҳ ёфт ва Вазорати тандурустии ин кишвар низ расман ин хабарро тасдиқ кард.
"Telegram-канал"-и Sputnik Ӯзбекистон аз қавли муовини сардори раёсати тандурустӣ, Анвар Алимов хабар медиҳад, ки вирусро ба ин ҷумҳурӣ як шаҳрванди хориҷӣ аз Дубай ворид кардааст.
"Вирус дар як шаҳрванди хориҷӣ, ки аз Дубай ба Тошканд парвоз кард, ошкор гардид", - омадааст дар хабар.
Манбаъ омили роҳ ёфтани мусофири гирифтори штамми омикрон ба ҳавопайморо чунин шарҳ дод, ки "ё ташхиси сиҳатии ӯ аз коронавирус тақаллубӣ ё бемории ӯ дар марҳилае қарор доштааст, ки пайдо кардани вирус ғайриимкон буд".
Гуфта мешавад, ҳоло ҳамаи мусофироне, ки ҳамроҳ бо он нафари гирифтори омикрон дар як ҳавопаймо парвоз карданд, дар қарантин қарор доранд.
Ташкентский аэропорт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2022
Пас аз роҳ ёфтани омикрон: Ӯзбекистон қавонини вуруд ба кишварро тағйир дод
Зикр гардид, ки 130 ӯзбекистонӣ дар хона ва 70 нафари дигар дар меҳмонхона қарантин шудаанд.
Алимов тавзеҳ дод, ки маризи омикрон дар бемористони сироятии Зангиоба зери назоати табибон қарор дорад.
Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон пас аз роҳ ёфтани вируси омикрон қоидаҳои вуруд ба ин кишварро тағйир дод.
Ҳамин тариқ аз 15 январ хоҳишмандони сафар ба Ӯзбекистон бояд ба ҷои 72-соати қаблӣ 48 соат пеш аз рафтан аз санҷиши ПСР гузаранд.
Вазорати тандурустӣ афзуд, дар сурати мавҷуд набудани шаҳодатномаи санҷиши манфии ПСР барои COVID ҳамаи меҳмонон бояд дар фурудгоҳҳо, вокзалу гузаргоҳҳои сарҳадӣ аз экспресс-санҷиши коронавирус гузаранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала