Чин хостори пешгирӣ аз ҷанг дар Осиёи Марказӣ шуд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкГлава МИД Китая Ван И
Глава МИД Китая Ван И - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Чин гуфт, Маскав ва Пекин бояд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рушди иқтисодашон кумак ва аз бесуботӣ дар ин давлатҳо ҷилавгирӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Чину Русия набояд ба бесарусомонӣ ва ҷанг дар кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷоза диҳанд, изҳор дошт вазири умури хориҷии Чин Ван И дар суҳбати телефонӣ ба ҳамтои русаш Сергей Лавров.

"Чин ва Русия ҳамчун узви доимии Шӯрои амнияти СММ ва дӯсти ҳамсояҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ набояд гузоранд, ки минтақа даргири бесарусомонӣ ва ҷанг шавад", - таъкид кард Ванг И.

Вай афзуд, ки "Маскаву Пекин бояд ба амиқтар кардани ҳамоҳангию ҳамкориҳо идома диҳанд ва бо мудохилаи нерӯҳои хориҷӣ ба умури дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ муқовимат кунанд.
Вазир қайд кард, ки Маскав ва Пекин ҳамчунин бояд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо пандемия, рушди иқтисодҳои онҳо ва барои аз байн бурдани мушкилоти иҷтимоӣ, ки бесуботӣ меоранд, кӯмак кунанд.
Манобеи РИА "Новости" хабар медиҳад, ки гуфтугӯи телефонии Сергей Лавров ва Ван И як рӯз пеш сурат гирифтааст.
Саммит ОДКБ по ситуации в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Нишасти сарони СААД дар бораи авзоъ дар Қазоқистон - видео
Ба гуфтаи Вазорати хориҷаи Русия, вазирон вазъи Қазоқистонро баррасӣ карда, нигаронии худро аз дахолати нерӯҳои хориҷӣ ба ҳаводиси ин ҷумҳурӣ таъкид кардаанд.
Ёдовар мешавем, субҳи панҷуми январ раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор кард ва раҳбарии Шӯрои амниятро ба зимма гирифт. Вай дар нахустин ҷаласаи ин шӯро вазъи феълии Қазоқистонро поймол кардани якпорчагии давлат хонда ва гуфт, барои кумак ба СААД муроҷиат кардааст. Ҳоло вазъият дар ин кишвар муътадил аст ва нерӯҳои сулҳбон аз кишварҳои узви СААД дар Қазоқистон қарор доранду муҳимтарин сохтмонҳои стратегии ин кишварро посбонӣ мекунанд.
Қазоқистон ҳимояи анборҳои нафташро ба нерӯҳои ҳофизи сулҳи Тоҷикистон вогузор намудааст.
Лентаи хабарҳо
0