Фурудгоҳ баста аст: "Somon Air" гуфт, ба Алмаато парвоз намекунад

CC BY-SA 2.0 / Anna Zvereva / Somon Air, P4-SOM, Boeing 737-93Y ERСамолет авиакомпании Somon Air
Самолет авиакомпании Somon Air - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Обуна шудан
Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон - "Somon Air" бо нашри як муроҷиатнома гуфт, парвозҳо дар масири Душанбе - Алмаато амалӣ намешаванд
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. "Somon Air" парвозҳо бо хатсайри Душанбе - Алмаато ва баръаксро, ки 12-уми январи соли ҷорӣ дар назар буданд, бекор кардааст.
Ин ширкат далели лағви парвозҳоро муваққатан аз фаъолият бозмондани фурудгоҳи шаҳри Алмаато хонд.
"Аз мусофирон хоҳиш менамоем, ки барои иваз кардани санаи парвоз ва ё баргардонидани маблағи чипта ба нуқтаи хариди чипта муроҷиат намоянд", - омадааст дар муроҷиатнома.
Ширкат барои тамос рақамҳои телефонии 446404049 ва 446404050-ро пешниҳод кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки парвозҳои миёни Душанбе ва шаҳри Алмаато ҳафтаи ду бор амалӣ мешуданд, ки дар пайи нооромиҳои даҳрӯзаи аввали соли равон дар Қазоқистон лағв гардиданд. Ширкати "Somon Air" парвозҳоро рӯзҳои чаҳоршанбе ва "Air Astana" рӯзҳои якшанбе анҷом медод.
Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия гарон шуд: сабаб
Фурудгоҳи шаҳри Алмаато зимни ошӯбҳои ахир мавриди ҳамла қарор гирифт. Ба гуфтаи Ерлан Тургумбоев, вазири умури дохилии Қазоқистон, дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ ҳудуди 800 ҷинояткор ба фурудгоҳи Алмаато ҳамла кардааст. Дар натиҷа 60 парвоз лағв шудааст.
Бинобар иттилои расонаҳои Қазоқистон, феълан дар ин кишвар вазъият ором аст ва аксари корхонаҳо фаъол шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0