Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия гарон шуд: сабаб

© PixabayСамолет на закате, архивное фото
Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Қимати билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия беш аз 50 дарсад боло рафт
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи ҳафтаи равон қимати билети ҳавопаймо барои парвоз ба Русия афзоиш ёфт.
Чуноне нархномаҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ нишон медиҳанд, ҳамакнун нархи як чиптаи парвоз аз пойтахти Тоҷикистон то Маскав беш аз 5 ҳазор сомонӣ аст.
Тамоюли болоравии нархи чиптаҳои самти Русия ҳафтаи равон ба назар расид. Қимати билети ҳавопаймои парвозҳои Тоҷикистон - Русия беш аз 50 дарсад боло рафтааст.
Агар моҳи декабр нархи чиптаи Душанбе - Маскав 2,4 ҳазор сомонӣ (19-21 ҳазор рубли русӣ) буд, феълан беш он аз 5 ҳазор сомонӣ (тақрибан 34 ҳазор рубл) нарх дорад.

"Аз Душанбе ба Маскав то охири моҳи январ нархи билет беш аз 5 ҳазор сомонӣ (33 - 34 ҳазор рубл) аст. Моҳи декабр билет аз 2,4 то 2,6 ҳазор сомонӣ (аз 19 то 21 ҳазор рубли русӣ) қимат дошт", - гуфт як билетфурӯш.

Манбаъ сабаби гароншавии билет аз Тоҷикистон ба Русияро дар афзоиши талаботи зиёди мардум ба он арзёбӣ кард.
Бавижа нархи чипта аз ҳамаи фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон - Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ба самти Маскав гарон шудааст ва як нарх дорад.
Вале қимати билет барои парвоз ба дигар шаҳрҳои Русия каме арзонтар аст. Масалан, арзиши билети Душанбе - Самара ва Нижний Новгород то 3,5 ҳазор сомонӣ (23 ҳазор рубли русӣ) аст.
Самолёт авиакомпании ЮТэйр. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Парвозҳо аз Сургут ба Тоҷикистон барқарор шуданд
Ёдовар мешавем, баҳори соли 2021, замони бозкушоии марзҳои Тоҷикистону Русия ва афзоиши парвозҳои чартерӣ миёни ин ду кишвар нархи чиптаҳо то 10-12 ҳазор сомонӣ боло рафт.
Он замон Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тақозо карда буд, ки қимати чиптаҳои Душанбе - Маскав - Душанберо на бештар аз 500 доллар кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала