Чӣ гуна нерӯҳои сулҳофари СААД ба Қазоқистон кумак мекунанд - видео

Шашуми январи соли ҷорӣ, пас аз ташдиди вазъ дар Қазоқистон кишварҳои узви СААД ба ин давлат нерӯҳои сулҳофар ирсол карданд
Нерӯҳои сулҳофари кишварҳои Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Беларус ва Арманистон аз шашуми январ дар Ҷумҳурии Қазоқистон қарор доранд.
Сафарбар шудани нерӯҳои сулҳбон пас аз он иттифоқ афтод, ки кишвардори Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз ҳамтоёни худ дар Шӯрои амнияти СААД барои ба эътидол овардани вазъ имдодталабӣ кард.
Мақсади асосие, ки назди нерӯҳои посдори сулҳ гузошта шуд, ин ҳимоя кардани иншоотҳои муҳими стратегӣ дар Қазоқистон буд.
Қувва ва тавоноӣ: Нерӯҳои сулҳофари СААД дар Қазоқистон - акс
Ҳоло дар қаламрави ин кишвар чаҳор ҳазор низомӣ қарор дорад, ки ҳиссаи бештари онҳоро нерӯҳи Русия ташкил медиҳанд. Тоҷикистон 200 низомиро барои ҳимоя аз Қазоқистон ирсол кард.
Зимнан рӯзи 11-уми январ президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев изҳор дошт, ки хидмати нерӯҳои посдори сулҳ ба анҷом расид ва пас аз ду рӯз марҳилаи хуруҷи онҳо оғоз мешавад. Ба таъкиди президент, нерӯҳои сулҳофари кишварҳои узви СААД давоми 10 рӯз қаламрави Қазоқистонро пурра тарк мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала