ВМКБ-и сарду дар Душанбеи гарм: пешгӯии дақиқи обуҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузаштан ба хазинаи аксЛюди на проспекте Рудаки в Душанбе
Люди на проспекте Рудаки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Дамои ҳаво ба ҷуз аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд дар дигар минтақаҳо гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад, хабар медиҳад Оҷонсии ҳавошиносӣ.
Ин манбаъ меафзояд, Дар ғарби вилоят шабона 10-15 дараҷа хунукӣ ва рӯзона ҳаво аз 3 дараҷа сард то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар қисмати шарқӣ шабона 30-35 ва рӯзона 7 -12 дараҷа ҳаво сард хоҳад шуд.
Манбаъ ҳавои вилояти Суғдро низ тағйирёбанда ба бебориш пешгӯӣ мекунад. Фаромадани меғ дар назар аст. Дамои ҳаво шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гамр ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад
Ҳавои вилояти Хатлон ҳам камабр ва бебориш шуда, дар баъзе нҳияҳо меғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Ҳавосанҷон гуфтанд, зимистони тоҷикистониён чӣ гуна хоҳад буд
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала