Аз рублу доллар то евро: эълони арзиши асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКурс иностранной валюты
Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Обуна шудан
Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби рубл каме боло рафтаву аз евро бошад, дар баробари сомонӣ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 150,3 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар барои 1000 рубл 149,3 сомонӣ медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, каме тағйир карда, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.7882 сомонӣ қимат дорад. Рӯзи гузашта дар кишвар бар ивази 1 евро 12.7939 сомонӣ медоданд.
Ин асъор соли 2021-ро бо коҳишёбӣ ба поён расонид, аммо соли навро бо болоравӣ оғоз кард.
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3000 сомонӣ аст.
Денежные купюры США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2022
Бо доллар дар соли 2022 чӣ мешавад: пешгӯии дақиқи иқтисоддонҳо
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7882 то 13.0100 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1504 то 0.1525 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0