Ҷиноят накардаам: паёми Чоршанбиев аз зиндон дар мавриди эҳсосот, айб ва шиканҷа

© Instagram Чоршанбе ЧоршанбиеваЧоршанбе Чоршанбиев
Чоршанбе Чоршанбиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Чоршанбе Чоршанбиев, размикор ва блогери боздоштшуда дар Тоҷикистон мегӯяд, баъзан эҳсосӣ гап мезад, аммо ҳич гоҳ ҷинояте содир накардааст
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа бо дархости наздикони Чоршанбе Чоршанбиев барои ҳимояи ҳуқуқҳои ин размикори боздоштшуда се вакили дифоъ ҷудо кардааст.
Ба иттилои эътилоф, Чоршанбиев дар мулоқот бо вакилонаш, ки чоруми январ сурат гирифт, изҳор доштааст, ки шиканҷа нашудааст.
Ҳамчунин манбаъ афзуд, ки алайҳи Чоршанбиев 8 январ айб бар асоси қисми 2-и моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ - даъвати оммавӣ барои тағйири сохти конститутсионӣ айб эълон шудааст.
Дар вокуниш ба ин айб Чоршанбиев изҳор доштааст, ки ҷинояте содир накардааст, балки хостааст, ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

"Ман ҳич ҳадафи даъват барои ғасби ҳокимияти давлатӣ бо зӯровариро надоштам. Ҷинояте накардаам ва намедонистам, ки муроҷиати ман метавонад ҷиноят ҳисобида шавад. Ман даъват кардам, ки ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд", - изҳор доштааст Чоршанбиев.

Эътилоф таъкид намуд, ки Чоршанбиев ин нуктаро ҳам хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ борҳо баён доштааст.
Вакилон мегӯянд, Чоршанбиев ҳамчунин самимӣ асту ҳамоно бепарда дар зимни тафтишот шоҳидӣ медиҳад.
Ба иттилои эътилоф, ин варзишкор сарфи назар аз иттиҳомоти сангин бо таҳаммул ҳамсуҳбаташро гӯш мекунад ва ҳолати корро тавзеҳ медиҳад. Ӯ мефаҳмонад, ки зидди ҳукумат нест, вакрзишкор аст, ки баъзан сари эҳсос метавонад гапи сахте гӯяд, аммо фавран талош мекунад, ки вазъро ислоҳ созад.
Чоршанбе Чоршанбиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2022
"Бахшеду раҳояш кунед": рақиби ашадии Чоршанбе аз Тоҷикистон озодии ӯро хост - видео
Дар ҳамин ҳол вакилони дифоъ изҳор доштаанд, ки ҳанӯз ҳам мақомот барои мулоқоти Чоршанбиев бо наздиконаш, аз ҷумла падараш иҷозат надодаанд.
Вакилон аз додгоҳи Душанбе дархост кардаанд, ки чораи пешакӣ нисбати Чоршанбиевро иваз кунад, аммо додгоҳ дархости онҳоро қонеъ накардаасту варзишкорро дар ҳабси пешакӣ боқӣ гузоштааст.
Чоршанбиев барои нақзи қоидаҳои ҳузур аз Русия депорт шуда, 30 декабр дар фурудгоҳи Душанбе боздошт гардид. Мақомот аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ хабар доданд.
Аммо дар иттилоияи Эътилофи зидди шиканҷа гуфта мешавад, ки феълан алайҳи ӯ бар асоси Кодекси ҷиноӣ, моддаи 307, қисми 2, бандҳои "а" ва "г" айб эълон шудааст. Ин бандҳо муҷозоти маҳрумсозӣ аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 солро пешбинӣ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0