СММ: Афғонистон бе дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ зинда намемонад

© REUTERS / Murad SezerАфганские мигранты прячутся в туннеле под железнодорожными путями после незаконного перехода в Турцию из Ирана, недалеко от Татвана, Турция
Афганские мигранты прячутся в туннеле под железнодорожными путями после незаконного перехода в Турцию из Ирана, недалеко от Татвана, Турция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Созмони Миллали Муттаҳид аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намудааст, ки ба Афғонистон кумаки фаврӣ расонанд, вагарна шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ бидуни кумак зинда намемонанд
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. СММ муайян намудааст, ки соли ҷорӣ барои наҷоти Афғонистон чӣ миқдор маблағ лозим аст.
Хадамоти матбуотии созмони мазкур мегӯяд, имсол бояд ба кишвари ҷангзадаи Афғонистон 4,4 миллиард доллар ихтисос дода шавад. Ин маблағ ба 22 миллион шаҳрванди дохили Афғонистон ва ҳамчунин 5,7 миллион афғонистониҳое, ки берун аз Ватан қарор доранд, масраф мешавад.
Манбаъ меафзояд, ба 23 миллион нафар хатари гуруснагӣ таҳдид мекунад.
"Беморхонаҳо аз кӯдакони беҳолу бемадор пур шудаанд, муаллимон маош намегиранд, миллионҳо кӯдак аз имконияти таҳсил маҳрум аст. Ин гуна аст вазъ дар Афғонистони имрӯза", - омадааст дар хабар.
СММ ҳамзамон аз гаронии нархи озуқаворӣ ва маводи сӯхт изҳори нигаронӣ намудааст.

"Аз сабабе ки кумакҳои байналмилалӣ баста шудаанд, низоми хидматрасониҳои иҷтимоӣ дар пеши назар аз байн меравад. Бе дастгирӣ аҳолии Афғонистон наметавонад зинда бимонад", - гуфта мешавад дар ин изҳорот.

Дар нимаҳои сол, тавре СММ огоҳ мекунад, Афғонистон метавонад ба кишвари саросар камбизоат мубаддал гардад. Дар тӯли сол Афғонистон метавонад 30 дарсади ММД-ашро аз даст диҳад ва бекорӣ дар миёни мардон ду баробар боло рафта, ба 29 фоиз расад.
Афганские дети держат тарелки в ожидании еды в городе Джелалабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Вокуниши толибон ба маълумоти СММ: Дар Афғонистон ҳоло касе аз гуруснагӣ намурдааст
"Ман бо исрор хоҳиш мекунам: дарро ба рӯи мардуми Афғонистон напӯшед", - гуфт ҳамоҳангсози кумакҳои фавқулоддаи СММ Мартин Гриффитс зимни муаррифии нақшаи башардӯстӣ.
Номбурда аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба Афғонистон ҳарчи зудтар кумак расонда шавад, то гуруснагӣ аз байн равад ва тавсеаи маризиҳо коҳиш ёбад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала