Ворух беҳтарин ҷамоати Суғд дониста шуд

© Sputnik / Амир ИсаевВъезд в Ворух, архивное фото
Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Дар Суғд ғолиби озмуни беҳтарин шаҳраку деҳот, кӯчаву маҳалла ва оила муайян шуд
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Ворух беҳтарин ҷамоати деҳоти шаҳри Исфара интихоб шуд. Ин унвон ба Ворух дар асоси ҷамъбасти озмуни вилоятии "Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин" дода шуд.
Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд менависад, ки озмуни мазкур бо қарори раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷамъбаст шуд.
Гуфта мешавад, озмуни беҳтарин деҳу маҳалла ва кӯчаву оила ба 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шуда буд.
Манбаъ меафзояд, дар ин бахш ҷойи дуюм ба ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷойи сеюм ба ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов дода шуд.
Дар маросими ҷамъбасти озмуни мазкур раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода, муовини сарвазир Давлатӣ Саид иштирок намуданд.
Ситуация на границе между Кыргызстаном и Таджикистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Боз сарусадо дар бораи Ворух: Кӯктош дар китоби дарсии қирғизӣ аз Тоҷикистон шуд
Раиси вилоят ва муовини сарвазир ба раисони ҷамоатҳои ғолиби озмун диплому мукофоти пулӣ тақдим намуданд. Гуфта мешавад, ба раиси ҷамоати Ворух 6000, ба раисони ҷамоатҳои деҳаҳое, ки мақоми дуюму сеюмро касб карданд, 4000 ва 2000 сомонӣ тақдим шуд.
Ворух минтақаест, ки ҷониби Қирғизистон онро анклав мегӯяд, аммо Тоҷикистон ба ин бовар аст, ки Ворух боқимондаи ҳудуди Тоҷикистон аст.
Масъалаи анклав будан ва набудани ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара солҳо ба ин сӯ мавриди баҳси Тоҷикистону Қирғизистон қарор гирифтааст.
Ислоҳи харитаи ГЖК: “Ворух анклав нест”
Тоҷикистон ин қаламрави худро анклав ҳисоб намекунад, аммо Қирғизистон даъво дорад, ки Ворух анклави тоҷикӣ дар ҳудуди ин кишвар аст.
Бино ба қавли огаҳони ҳол, Ворух дар харитаҳои то соли 1990 ҳамеша як ҷузъи пайвастаи Тоҷикистон нишон дода шудааст, аммо пас аз чопи он дар Чин ва густариши тиҷорат бо ин кишвар ин хатои техникӣ аз назарҳо дур афтодааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала