Амнияти ҷамъӣ ва ҳамсояҳои Русия дар зери зарбаи Ғарб

Обуна шудан
Ба мақомоти Қазоқистон бо кумаки нерӯҳои посдори сулҳи СПАД муяссар шуд, ки бо террористон мубориза баранд.
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik, Виктория Никифорова. Ҳанӯз задухӯрдҳо ва боздоштҳо идома доранд, аммо дар маҷмуъ ҳукумат вазъро зери назорат мегирад. Ин хушхабар боиси хашми шадиди шарикони ғарбӣ гардид.
Кохи Сафед аз фармони раисҷумҳури Қазоқистон Тоқаев дар бораи тирпаронӣ барои куштани террористҳо изҳори нигаронӣ кард. Яъне режими Амрико аз он ки шаҳрвандони Қазоқистон дар кӯчаву хиёбонҳо қатл кардани ҳамдигарро қатъ кардаанд, комилан қаноатманд нест.
Чун маълум шуд, ки террористон ноком шудаанд, намояндагии дипломатии ИМА ба нишони эътироз шумораи намояндаҳояшро дар Қазоқистон коҳиш дод.
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
"Бадхоҳии ҳамешагӣ": вокуниши Вазорати корҳои хориҷӣ ба интиқоди Ғарб аз СПАД
Умуман ин сигнал фаҳмост. Ҷасадҳо дар кӯчаҳои холӣ, биноҳо ва мошинҳои сӯхта, бесарусомонӣ, ғоратгарӣ аз авзое ҳикоят мекунанд, ки шарикони амрикоӣ ин ҳолатро дар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ ба вуҷуд оварданиянд.
Ҷопон ё Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз гурӯҳи ин кишварҳо ҳастанд, ки дар робита ба ин кор худро заҳмат надоданд. Вашингтон ба онҳо як коктейле аз миллатгароии ваҳшиёнаи архаикӣ ва силоҳи муосири марговар пешниҳод хоҳад кард. Аз ин рӯ он оташ хоҳад гирифт.
Ин ки Алмаатои зебо аз ҷониби роҳзанҳои иртиботдошта бо исломгароён ғорат шуд, танҳо банди аввали барнома аст. Ҳеҷ кас дар Қазоқистон боздошт нахоҳад шуд. Ҳанӯз дар соли 2019, корпоратсияи “Рэнд”, ки мавқеи вазорати дифои ИМА-ро баён кард, як барномаи хеле мушаххасеро ба унвони "Ташдиди фишор ва адами таодули Русия" нашр кард.
Дар он ҷо ҳама чиз возеҳ навишта шудааст: аввал ба Украина силоҳи марговар интиқол додан, баъдан ба Белорусия, сипас Осиёи Марказиро оташ задан, дар баробари ин Қафқози Ҷанубиро ба шӯриш кардан ва Приднестровиро ба Молдова "баргардондан".
Нақшаҳои бевоситаи шарикони амрикоии мо комилан несту нобуд кардани тамоми анклавҳои тамаддунро, ки дар канори Иттиҳоди Шӯравии собиқ нигоҳ дошта мешаванд, аст. Дар як гузориши дигар “Rand Corporation” давлатҳои пасошӯравӣ ба унвони “майдони ҷанг” тасвир шудаанд.
Маҳз русҳо манфиатдоранд, ки дар сарҳадҳояшон гул бирӯяд ва давлатҳои мустақили ҳамсоя зиндагии осуда дошта бошанд. Сарфи назар аз ҳама афсонаҳо ва канораҳои миллӣ маҳз Русия буд, ки дар тӯли садсолаҳо тамаддунро ба ин гӯшаҳои худовандии Замин бурдааст. Ва танҳо он имрӯз манфиатдор аст, ки рушди бехатари онҳоро таъмин кунад.
Ежегодная пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Песков дар бораи эҳтимоли сар задани тазоҳурот дар Ӯзбекистон пас аз Қазоқистон
Барои шарикони ғарбии мо, ҳамаи ин кишварҳо кишвар нестанд. Онҳоро дар харита ёфта ва номҳояшонро талаффуз карда наметавонанд: Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва ҳатто Туркманистон. Барои онҳо сарҳади маъмулӣ вуҷуд надорад, он ҷо замини бесоҳиб дониста мешавад, ки мардуми бумӣ якдигарро мекушанд ва барои пойгоҳҳои низомии Амрико ҷойи по боз мекунанд.
Мавзуи пойгоҳҳо дар Осиёи Марказӣ барои амрикоиҳо дар арафаи парвози онҳо аз Афғонистон аҳамияти хоса пайдо кард. Нашри мавод дар бораи он ки ҳамсояҳои Русия мехоҳанд, артиши Амрикоро паноҳгоҳ диҳанд, дар баҳори соли гузашта оғоз ёфт. Узбакистон то ҳол дар ҳолати дифоъ қарор дорад ва аз мизбонии артиши Амрико қатъиян худдорӣ мекунад. Аммо чӣ мешавад, агар низомиён ранҷанд? Ӯзбакистон ҳанӯз узви СПАД нест, агар онҳо ногаҳон мисли Қазоқистон ба сарбурии мардум сар кунанд, Маскав шояд вақт наёбад, ки барои наҷот биёяд.
Вақти он расидааст, ки элитаи кишварҳо - ҳамсояҳои Русия дарк кунанд, ки дар ҷаҳон танҳо се бозигари соҳибихтиёри ҷаҳонӣ ҳастанд. Дутои онҳо Русия ва Чин, ки воқеан ба сулҳу амният манфиатдоранд, мебошанд. Сеюм Амрикост, ки ҷанги ҳама ба муқобили ҳамаро сар кардааст. Албатта, ин кӯшишҳои дахолати низомӣ ҳамчун "эътирози осоиштаи сокинони маҳаллӣ" таъриф мешавад.
Кишварҳое ба мисли Молдова наҷоти худро дар напайвастан ба паймонҳои низомӣ медонанд, бинобар ин на ба НАТО мепайванданду ва на ба СПАД. Чунин ба назар мерасад, ки ҳама дар он ҷо мувофиқи қоидаҳо бозӣ мекунанд. Аммо агар амрикоиҳо хоҳанд масъалаи Приднестровиро дар қаламрави кишвараш ҳал кунанд, Майя Санду чӣ кор хоҳад кард?
Ин як хаёли куҳна ва аблаҳист, ки бигӯӣ, мо шогирдем ва Касри Сафед ҳарчи бигӯяд, анҷом медиҳем ва хушбахт мешавем. Кунҷковон бояд бидонанд, ки дар Кореяи Ҷанубӣ роҳбарияти кишвар чӣ гуна иваз мешавад. Дар он ҷо президентӣ вазифае аст, ки инсонро ба марг мувоҷеҳ мекунад: куштор, худкушӣ, озмоишҳои беохир ва зиндонҳои тӯлонимуддат.
Сотрудники полиции препятствуют проведению акции протеста в центре Алма-Аты в день парламентских выборов в Казахстане. Участники протестов призывают бойкотировать голосование - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2022
Аз эътироз ба бетартибӣ: вазъ дар Қазоқистон ва ваъдаи президент - видео
Чунин андешае вуҷуд дорад, ки роҳбарияти давлатҳои пасошӯравӣ бояд дар хаққи мардум беҳтар ғамхорӣ кунанд, иқтисодиётро баланд бардоранд, дар он сурат ниёз ба майдонҳо намемонад. Ҳеҷ кас дар бораи ин ки бо камбизоатӣ мубориза бурдан лозим аст, баҳс намекунад. Қишрҳои поёнии иҷтимоӣ бояд ғизои хуб дошта бошанд ва бо таҳсилу лифтҳои иҷтимоӣ таъмин шаванд. Аммо ин гарави сулҳу амнияти мамлакат нест.
Дар пеши назари мо моҳҳо эътироз Ҳонконг, яке аз сарватмандтарин шаҳрҳои ҷаҳонро фалаҷ кард. Нақлиёт кор накард, тиҷорати хурд муфлис шуд, меҳмонхонаҳои машҳур холӣ шуданд, туризм қатъ шуд ва ҳамаи ин аз бесарусомоние буд, ки донишҷӯён дар тӯли моҳҳо дар кӯчаҳо эҷод мекарданд.
Портленд, як шаҳри хеле обод дар Иёлоти Муттаҳида дар тӯли чанд рӯз дар соли 2020 ба "лона"-и дуздон табдил ёфт. Оё Портланд макони камбизоатӣ буд? Умуман не. Маҳз шаҳракҳои камбизоати Амрико камбизоат буданд, ки хушбахтона, аз ин нанг раҳо шуданд.
Алмаато, ки ҳоло аз роҳзанону террористон пок карда мешавад, ободтарин ва зеботарин шаҳри Осиёи Миёна буд. Оё тазоҳурот ба он кӯмак кард? Не, чунон ки мо мебинем.
Нобаробарӣ, мутаассифона, бо иқтисоди муосир ҳамроҳ аст. Аз ин рӯ он дар ҳама ҷо ҳаст - аз Мумбай то Чикаго, аз Рио-де-Жанейро то Нурсултон. Ин метавонад сабаб бошад, аммо на сабаби аслии эътирозҳо. Шумо метавонед шаҳрвандони худро сар то по тилопӯш кунед, аммо агар дар кишвари шумо 22 ҳазор созмони ғайридавлатии ғарбӣ бошад (чунон ки дар Қазоқистон буд), он гоҳ табаддулоти давлатии ношӣ аз хориҷ танҳо кори вақт хоҳад буд.
Иранский военнослужащий, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Эрону Туркия омодагии худ ба ҷангро ба намоиш мегузоранд: ин чӣ рабте ба Озарбойҷон дорад?
Бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ худро дар хатти оташ қарор дода, ба нерӯи сеюм такя мекунанд. Масалан, Озарбойҷон бо лоиҳаи “Турони бузург” бозӣ мекунад. Аммо Эрдуғон, ки илҳомбахши аслии ӯ аст, ба ҳеҷ ваҷҳ абадӣ нест.
Фурӯпошии қурби лира шаҳрвандони худро ба муқобили ӯ табдил дод ва ӯ дар муддати тӯлонӣ элитаи Амрикоро ба хашм овардааст. "Анҷоми бозии Эрдуғон" унвони матлабе аз нашрияи бонуфузи "Foreign Affairs" аст, ки дар он Эрдуғон маҳкум мешавад. Агар раҳбари Туркия биравад, Озарбойҷон бо бесарусомоние, ки амрикоиҳо барои кишварҳои пасошӯравӣ тарҳрезӣ кардаанд, танҳо мемонад.
Вақти он расидааст, ки аз мастии хаёлоти солҳои 90-ум берун оем. Таҷлили аз парастиши орзуи амрикоиҳо ба охир расид, марҳалаи талх фаро расид. Имрӯз гегемони собиқ омодааст, ки тамоми ҷаҳонро пора-пора кунад, танҳо ба он хотир суқути худро каме таъхир андозад. Кишварҳое, ки бо Русия ҳамсоя ҳастанд, имрӯз дар минтақаи хатари махсус қарор доранд. Мамлакати мо тайёр аст, ба ёрии онҳо биёяд, онҳоро аз истилогарон муҳофизат намояд.
Бо вуҷуди ин аз ҳамсояҳо низ иқдомҳои мутақобил талаб мешавад. Аҳолии русзабон дар кишварҳои худ бояд худро ором ва роҳат ҳис кунанд. Забони русӣ бояд мақоми баланди худро ҳифз кунад. Маҳдудияти мактабҳои русӣ, "патрулхои забонӣ"-и бемаъниро фаромуш ва умуман миллатчиёни девонашудаи махаллиро банд кардан лозим аст.
Учебники для русскоязычных школ в Российско-Таджикском (славянском) университете. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Коршиносон: маҳдуд кардани забони русӣ ба иқтисод зиён меорад
Ин ягона роҳест, ки ба архаикаи бемаънии шовинизми таҷовузкоронаи бемаънӣ наафтида, тамаддуни волои беназирро, ки наслҳои аҷдоди муштараки мо бо ҳам бунёд кардаанд, нигоҳ дорем. Дар акси ҳол ин мероси бузурги умумиро ҳифз кардан номумкин аст.
СПАД самараи кори якҷояи шаш давлат аст. Барои аз ҳимояи он бархурдор шудан сарҷамъӣ ва масъулият нишон додан лозим аст. Он давлатмардӣ ва тасмимҳои стратегӣ дар элитаи пасошӯравӣ, ки талоши сареъ ба даст овардани манфиатро доранд, ба назар намерасад.
Ҳамаи ин ҳилаҳои бисёрвекторӣ бояд барҳам дода шаванд. Онҳо дигар кор намекунанд. Дар ду курсӣ беохир нишастан мумкин нест, хусусан вақте ки курсии дуюм аллакай бо шуълаи кабуд фурӯзон аст. Русия шарики боэътимод аст, аммо аз як даст садои қарсак намебарояд. Ҳамсояҳо бояд нисбат ба мо ҳамин гуна эътимод ва масъулият нишон диҳанд.
Дар чунин ҳол, агар чизе рӯй дод, Русия, албатта, барои наҷот хоҳад омад. Ҳамеша ҳамин тавр буд. Мо муҳофизем.
Лентаи хабарҳо
0