Фурудгоҳи Алмаато аз 13 январ шуруъ ба кор мекунад

© SputnikАэропорт Алматы
Аэропорт Алматы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Таърихи ба кор шуруъ кардани фурудгоҳи Алмаато маълум шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки то ба эътидол омадани вазъ дар Қазоқистон фурудгоҳ баста хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Кумитаи ҳавонавардии кишварии Қазоқистон гуфт, фурудгоҳи Алмаато рӯзи 13-уми январ ба кор шуруъ мекунад.
Қаблан намояндаи шаҳрдории Алмаато гуфта буд, ки ин майдони ҳавоӣ то лағви вазъи изтирорӣ, яъне 19 январ боз нахоҳад шуд, вале баъдан афзуд, ки ин иттилоъ дуруст нест.

"Аз 13 январи соли 2022 Фурудгоҳи байналмилалии Алмаато ба кор шуруъ мекунад. Тибқи маълумоти пешакии мудирияти фурудгоҳ, парвозҳои дохилӣ ва байналмилалӣ аз соати 8.00 то 21.00, тибқи ҷадвали парвозҳои ширкати ҳавопаймоӣ, анҷом дода мешаванд", - омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли 2022 оғоз шуданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби ин кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ ба кӯчаҳо рехтанд.
Баъдтар эътирозҳо дар дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти куҳна ва калонтарин шаҳри Қазоқистон паҳн, дар муддати кӯтоҳ даҳҳо иншоот сӯзонда ва ғорат шуданд.
Самолет авиакомпании Somon Air - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Фурудгоҳ баста аст: "Somon Air" гуфт, ба Алмаато парвоз намекунад
Тбқи маълумоти ғайрирасмӣ, бар асари ин ошӯбҳо дар Қазоқистон 164 нафар кушта шуд.
Раисҷумҳури Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев хисороти ноамниҳоро 2-3 миллиард доллар баровад кард.
Ҳукумати ин кишвар дар посух ба ҳамаи бетартибиҳо то 19 январ дар сартосари Қазоқистон вазъияти изтирорӣ эълон кард ва амалиёти зиддитеррористӣ оғоз намуд.
Ҳоло вазъият дар Қазоқистон муътадил аст ва аксари корхонаву муассисаҳо корро шуруъ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала