Таҳдиди толибон ба Тоҷикистон: Ҳавсалаи моро ба озмоиш нагиреду чархболоҳоро баргардонед

© AP / Rahmat GulАмериканский вертолет UH-60 Black Hawk в Афганистане. Архивное фото
Американский вертолет UH-60 Black Hawk в Афганистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Обуна шудан
Вазири дифои толибон ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳушдор додааст, ки чархболҳои онҳоро баргардонанд
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Толибон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хостанд, ҳавопаймоҳо ва чархболҳои марбут ба Афғонистонро баргардонанд. Ин муроҷиати видеоӣ дар вебсайти хабаргузории миллии ин кишвар "Bakhtar" нашр шудааст.

"Мо аз Тоҷикистону Ӯзбекистон эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки барои бозгашти чархболҳо ва ҳавопаймоҳои низомии Афғонистон мусоидат кунанд", — гуфт Муҳаммадяъқуб Муҷоҳид, вазири мудофиаи толибон рӯзи сешанбе дар зимни тамриноти қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ.

Ӯ гуфтааст, ки чархболҳо моли миллатанд ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро дар кишвари худ банд кунад.
Муҷоҳид меафзояд, ки ин кишварҳо ҳавсалаи толибонро ба озмоиш нагиранд ва маҷбур насозанд, ки амали мушобеҳро назар ба тавон анҷом диҳанд.
Замони тасарруфи Афғонистон аз сӯйи толибон дар моҳи августи соли гузашта даҳҳо халабони низомии ҳукумати пешини ин кишвар бо чархболу ҳавопаймоҳо ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд.
Баъдан расонаҳо хабар доданд, ки низомиёни амрикоӣ ба халабонҳои афғонистонӣ барои кӯчидан ба кишварҳои дигар кумак кардаанд. Дар ҳамин ҳол маълум нест, ки сарнавишти ҳавопаймоҳо ва чархболҳои аз ин кишвар хориҷшуда чӣ шудааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в неформальной встрече руководителей государств - участников СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Посухи толибон ба Раҳмон дар мавриди ҳузури террористҳо дар марз
Маълум аст, ки қаблан аз Афғонистон беш аз 60 адад ҳавопаймои низомӣ бароварда шуда буд. Ба гузориши расонаҳо, халабонҳои собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дастикам 26 чархбол ва 35 ҳавопайморо рабудаанд, ки ҷангиёнро аз бахши қобили мулоҳизаи ҳавопаймоҳои амалиётии худ маҳрум кардаанд.
Дар миёни ҳавопаймоҳое, ки дар ҳайати нерӯҳои ҳавоии Афғонистон хидмат мекарданд, ҳавопаймоҳои сабуки ҳамлавар "А-29 Super Tucano", чархболҳои "UH-60 Black Hawk", чархболҳои MD-530 ва чархболҳои Ми-17 буданд.
Ба гуфтаи манобеи амрикоӣ, ифшои манзараи пурраи ҳодисаи дар пасманзари хуруҷи нирӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон рухдода ғайриимкон аст, зеро баъзе аз иттилоот махфӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0