"Коҳиш меёбад": пешгӯии Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди рушди иқтисоди Тоҷикистон

© PixabayГрафик на мониторе торгов на бирже
График на мониторе торгов на бирже - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ пешгӯияшонро дар мавриди рушди иқтисоди Тоҷикистон баён доштанд
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Бонки Ҷаҳонӣ рушди иқтисоди Тоҷикистонро соли равон ба андозаи 5,5% ва соли 2023 то 4,5% пешгӯӣ мекунад.
Бар асоси пешгӯии коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, суръати рушди иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ коҳиш меёбад. Нишондоди нисбатан баландро Ӯзбекистон нишон хоҳад дод.
Рушди иқтисоди Осиёи Марказӣ 3% пешгӯӣ мешавад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ ин нишондод 4,1% гуфта мешавад.

"Ин аз як тараф паёмади пандемияи COVID-19, коҳиши дастгирии фискалӣ ва қатъи таъминоти ҷаҳонӣ мебошад", - омадааст дар гузориши нашршуда дар сомонаи Бонки Ҷаҳонӣ.

Барои эҳёи иқтисод дар соли 2023, инчунин пайдоиши штаммҳои нави коронавирус, таваррум ва лаппишҳои молӣ халал мерасонанд.
Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ инчунин ташдиди авзои геополитикиро дар қаламрави Осиёи Марказӣ низ аз эҳтимол дур намедонанд. Аз ҷумла ташаннуҷи мухолифат дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон зикр шудааст, ки метавонад ба омили таъсиррасон ба бозори молии минтақа табдил ёбад.
Монеты, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Иқтисоди болдор: панҷ таносухи дахлу харҷи Тоҷикистон дар соли 2021
Маврид ба зикр аст, ки мақомоти Тоҷикистон рушди иқтисоди кишвар дар соли гузаштаро ҳудуди 9 дарсад арзёбӣ мекунанд, ки аз пешгӯиҳои созмонҳои байналмилалӣ бештар мебошад.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, нишондоди рушди иқтисод дар панҷ соли оянда ба ҳисоби миёна 7 дарсад дар сол таъмин гардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала