Картошка арзон мешавад? Истеҳсоли беш аз ниммиллионтоннаии себи заминӣ

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаМешки с картошкой
Мешки с картошкой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Обуна шудан
Мақомоти Суғд эълон карданд, ки дар соли 2021 танҳо дар ҳамин минтақа 530 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2020 наздик ба 18 ҳазор тонна бештар будааст
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Мақомоти Суғд хабар додаанд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар соли 2021 ба маблағи 12 млрд. 299,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ ҳосил шуда, ки ба 107,1 фоизи нишондиҳандаи соли 2020 баробар мебошад.
Манбаъ қайд кардааст, ки дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид.
Ҳамзамон мақомоти вилояти Суғд гуфтаанд, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 121417,0 гектар ғалла ва лӯбиёгиҳо (бе ҷуворимаккаи дон), аз ҷумла 54936,6 гектар гандум, 50449,4 гектар ҷав ва 9198,3 гектар шолӣ кишт шудааст.
Ҳамзамон зикр шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ майдони кишти гандум 4780,6 гектар ва шолӣ 5,0 гектар афзудааст. Масоҳати кишти ҷуворимакка барои дон 6437,2 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 42773,3 гектарро ташкил намудааст.
Продажа картофеля на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Буҳрони картошка намешавад? Гузориши Вазорат кишоварзӣ дар бораи аз ҳосил
Дар ҳамин ҳол мақомоти вилояти Суғд аз бардошти барзиёди ҳосили картошка дар минтақа хабар додаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 530000,0 тонна картошка, 572841,8 тонна сабзавот, аз ҷумла 172110,5 тонна пиёз, 93340,7 тонна мева, бахусус 37506,0 тонна зардолу ва 33779,6 тонна себ, 54734,3 тонна ангур, 155373,9 тонна ҳосили полезӣ бардошт шудааст.
“Нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 бардошти картошка 17930,9 тонна, сабзавот 11654,6 тонна, себ 5176,7 тонна, ангур 4161,1 тонна бештар аст”, - хабар додааст дафтари матбуотии мақомоти вилояти Суғд.
Лентаи хабарҳо
0