Марги мармузи навраси рус дар "X-Fit"-и Душанбе: модараш аз Рустами Эмомалӣ кумак хост

© Facebook/ Зулӣ РаҳимоваСергей Шнякин, ноболиғи рус, ки дар Душанбе ба таври мармуз фавтид
Сергей Шнякин, ноболиғи рус, ки дар Душанбе ба таври мармуз фавтид  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Модари Сергей Шнякин, донишҷӯи бахши якуми филиали Донишгоҳи Ломоносови Маскав дар шаҳри Душанбе барои таҳқиқи мунсифонаи марги фарзанди ягонааш аз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ кумакхоҳӣ кард
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Дар фитнес-клуби "X-Fit"-и шаҳри Душанбе як ноболиғ, ки шаҳрванди Русия мебошад, ба таври мармуз фавтидааст. Ин ҳодиса 29 декабр рух дода, маъмурияти фитнес-клуб дар шарҳи марги донишҷӯ изҳор доштааст, ки марҳум аснои шиноварӣ ғарқ шуд ва ҷон бохт.
Аммо модари Шнякин, ки пас аз дарёфт кардани хабари марги ягона фарзандаш аз Русия ба Тоҷикистон омадааст, ба иддаои кормандони "X-Fit" бовар надорад ва бар ин аст, ки асли ин воқеаро мехоҳанд аз ӯ пинҳон кунанд.
Зимнан Зулӣ Раҳматова, яке аз фаъолони ҷамъиятӣ ва намояндаи гурӯҳи "Нури Фирдавс" дар сафҳаи "Facebook"-и худ муроҷиати модари Сергей Шнякин ба раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалиро нашр намудааст.
Ин модар дар муроҷиаташ мегӯяд, агар ҳама Соли Навро бо хурсандӣ пешвозу ҷашн гирифтанд, ӯ ягона писарашро, ки аз даст дод, бурда зери хок кард.
Цветок гвоздики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Бекасу кӯй ва 21 - сола: дафни Рязантсев, ки дар таркиши НФС ҷон бохт - акс
Ба нақли ин зан, фарзандаш бинобар эҳтироми фарҳангу мардуми тоҷик, хост, маҳз дар Тоҷикистон донишҷӯ шавад. Ӯ хатти форсӣ ва арабиро балад буда, дар рухдодҳои варзишии ҷумҳуриявӣ низ борҳо иштирок кардааст.
Дар Душанбе ӯ ҳамроҳ бо модаркалони худ зиндагӣ мекард. Сергей дар рӯзи маргаш, пас анҷоми дарсҳо барои шиноварӣ ба фитнес-клуби мазкур, ки дар кӯчаи Муҳаммадиев 24/2, дар шаҳри Душанбе воқеъ аст, рафтааст.

"Чун писарам ба зангҳои пай дар пайи модарам ҷавоб надод, ӯ хавотир шуда, ба телефони тамоси клуб занг задааст, аммо ҷавоби аниқ пайдо накардааст. Бо гузашти чанде марди ношиносе ба зангҳои ману модарам ҷавоб дод ва изҳор дошт, ки Сергей дар ҳавз (бассейн) ғарқ шуд".

Ин модар аз он нигарон аст, ки чӣ гуна фарзанди варзишгараш бо қади 192 см дар ҳавзе, ки ҳамагӣ 160 см чуқурӣ дорад, ғарқ шудааст. Модари ҷабрдида аз кори намояндагони фитнес-клуб шадидан интиқод намуда афзуд, дар ҳоле ки дар ҳама ҷо камераҳои назоратӣ насб ҳастанд, ба фарзанди ӯ кумак нарасонданд ва ӯро сари вақт аз об берун накардаанд.
Чизи дигаре, ки боиси нигаронии модари Сергей шуд, ин ташхиси ҷасади ӯ буд, гарчанде на ӯ ва на модараш иҷозати чок кардани ҷасадашро надода будаанд.
"30 декабри соли 2021, вақте ба Душанбе парвоз кардам, маълум шуд, ки ҷасади Сергей аллакай барои ташхиси нопурраи тиббии шубҳанок чок шудааст", - мегӯяд ӯ.
Бо вуҷуди ташхис шудани ҷасади Сергей хулосаи ниҳоиро ба модараш нишон надодаанд ва бими ӯ аз ин аст, ки шояд узвҳои ҳаётан муқими фарзанди ӯро зимни чок кардани ҷасад гирифта бошанд.
Медицинский работник измеряет уровень кислорода в крови пациенту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Додситони Душанбе аз "парвандаи Мадина" ба Рустами Эмомалӣ гузориш дод: тафсилот
Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки кормандони ёрии таъҷилӣ як гап мегӯянду намояндагони майитхона гапи дигар ва ин кор шубҳаи онҳоро боз ҳам бештар кардааст.
Назари мудирияти бошгоҳи "X-Fit" ва мақомоти тафтишотӣ дар ин бора феълан маълум нест.
Модари Сергей Шнякин изҳор доштааст, ки ба Рустами Эмомалӣ ҳамчун як шахси одил муроҷиат мекунад, зеро новобаста аз серкории худ мушкилу ғами мардумро нодида намегирад.
Ёдовар мешавем, чунин муроҷиатҳо ба Рустами Эмомалӣ вақтҳои охир афзоиш ёфтаанд. Ба фарзи мисол, қазияи латукӯб ва куштори Мадина Мамадҷонова пас аз муроҷиат ба мири шаҳри Душанбе мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор гирифту чанд мақомдор аз вазифа сабукдӯш ва омилони ин ҷиноят ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала