Музокироти Русия ва НАТО дар Брюссел

Флаги Евросоюза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Ҷаласаи Шӯрои Русия - НАТО дар дафтари марказии Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ дар шаҳри Брюссел баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Русияро дар гуфтушунидҳо бо НАТО комиссияи байниидоравии вазоратҳои умури хориҷӣ ва мудофиа намояндагӣ намуд.
Ба иттилои РИА "Новости", ин музокирот ҳудуди 4 соат давом кард ва феълан ҷонибҳо аз натиҷаашон хабар надодаанд. Ин мулоқот давоми гуфтушунидҳое буд, ки 9-10 январ дар Женева сурат гирифтанд. Баъди гуфтушунидҳо дар Брюссел интизор меравад, ки дар доираи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо машваратҳо баргузор шаванд.
Александр Грушко, ноиби вазири умури хориҷии Русия, ки дар садри ҳайат дар ин музокирот иштирок дошт, қабл аз оғози гуфтушунид гуфт, барномаи мушаххасе нест ва ин як навъ ҷаласаи машаваратӣ хоҳад буд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Ҳушдори Лавров аз ҷанг дар Аврупо дар сурати шомилшавии Украина ба НАТО
Ӯ интизориҳои Русия аз ин мулоқотро мантиқӣ ва воқеӣ арзёбӣ карда, изҳори умедворӣ намуд, ки суҳбати ҷиддие дар масоили амниятӣ сурат хоҳад гирифт. Грушко афзуд, Маскав талош мекунад, вокуниши воқеиро ба тарҳи пешниҳодкардаи Русия ба даст орад.
Қаблан Маскав лоиҳаи созишномаҳо бо ИМА ва кишварҳои узви НАТО-ро пешниҳод карда буд.
Дар ин тарҳҳо бандҳои марбути кафолати тарафайни амният дар Аврупо, ҷой надодани мушакҳои миёна ва кутоҳпарвоз дар фосилаи дастрасӣ ба қаламрави ҳамдигар, худдорӣ аз васеъ кардани эътилоф, аз ҷумла аз ҳисоби кишварҳои пасошӯравӣ матраҳ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала