Тақвияти назорати беҳдоштӣ дар Тоҷикистон ба далели таҳдиди штамми омикрон

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксТестирование россиян на наличие антител к COVID-19
Тестирование россиян на наличие антител к COVID-19  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нагардидааст
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Тоҷикистон дар пасманзари пайдоиши штами омикрон дар кишварҳои ҳамсоя назоратро тақвият додааст.
Дар ин бора дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон сардори Раёсати амнияти тандурустии Вазорати беҳдошти Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз афроди ба кишвар воридшаванда санҷишҳои иловагӣ мегиранд.

"Вазъ дар кишвар ташвишовар нест. Дар гузаргоҳҳои марзӣ чораҳои иловагӣ андешида шудааст", - таъкид кард сардори Раёсати амнияти тандурустии Вазорати беҳдошт.

Ҷаъфаров гуфт, ваксиназании аҳолӣ низ тасреъ шудааст ва омори дақиқи гирифтани ваксинаи сеюм аз тарафи қишрҳои махсуси аҳолӣ дар ҳоли омодашавӣ аст.
Ба иттилои манбаъ, сар аз аввали соли ҷорӣ то кунун дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ аб коронавирус сабт нагардидааст.
Ӯ гуфт, ҳоло дар кишвар 68,8%-и аҳолӣ барои бори аввал ва 57% ваксинаи дувумро гирифтаанд.
Лечение больных Covid-19 в краевой инфекционной больнице Ставрополя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Штамми омикрон ба Қирғизистон низ роҳ ёфт
Штамми омикрон аллакай ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон ва Ӯзбекистон роҳ ёфтааст.
Алимқодир Бейшеналиев, вазири тандурустии Қирғизистон аз оғози мавҷи чоруми пандемия дар ин кишвар хабар дод.
Ин кишварҳо дар пайи дарёфти навъи нави коронавирус дар қаламрави хеш чораҳои назоратиро тақвият кардаанд.
Мавриди зикр аст, ки тайи як ҳафта шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба 15 миллиону 154 ҳазору 666 нафар расид, ки ин адад аз замони авҷи беморӣ дар ҷаҳон рекордӣ аст.
СҶБ мегӯяд, аз 3 то 9 январи соли ҷорӣ гирифорӣ ба ин дард дар ҷаҳон рекордӣ шудааст.
Городская клиническая инфекционная больница в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Гирифторӣ ба COVID дар ҷаҳон давоми як ҳафта рекордӣ шуд
Ёдовар мешавем, ки бори аввал дар моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳан хуруҷи бемории пурасрор ба қайд гирифта шуд. Маълум шуд, ки онро коронавируси қаблан номаълум ба вуҷуд овардааст. Олимон онро SARS-CoV-2 номиданд.
Зимнан, рӯзи 11-уми марти соли 2020 СҶБ вуҷуди пандемияро эълон кард. Ин вирус нахуст ба кишварҳое чун ИМА, Ҳиндустон, Бразилия, Британияи Кабир ва Фаронса доман зад. Русия аз лиҳози сироятёбии шаҳрванддон дар ҷойи шашум қарор гирифт.
То ҳол дар аксари кишварҳо штамми делта паҳн шудааст, аммо ба гуфтаи олимон, омикрон метавонад дар ояндаи наздик ҷои онро гирад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала