Штамми омикрон ба Қирғизистон низ роҳ ёфт

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузариш ба медиабонкЛечение больных Covid-19 в краевой инфекционной больнице Ставрополя
Лечение больных Covid-19 в краевой инфекционной больнице Ставрополя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Обуна шудан
Аввалин ҳодисаи гирифторӣ ба штамми омикрон дар Қирғизистон низ ошкор шуд
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Дар Бишкек ва вилояти Чуй ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси навъи омикрон ошкор шудааст. Дар ин бора вазири тандурустӣ Алимқодир Бейшеналиев ба Sputnik Қирғизистон хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқоти мунтазам дар Бишкек рӯзи чоршанбе вуҷуди ин вирус дар ин кишварро ошкор кардааст.

"Натиҷаҳо омаданд. Дирӯз набуд, аммо имрӯз ҳолатҳои ҷудогона ба қайд гирифта шуданд. Аниқ чанд нафар аст, маълум нест. Мо дар озмоишгоҳҳои пойтахт таҳлил мегузаронем", - гуфт Бейшеналиев.

Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар ин кишвар давоми як рӯзи охир аз ошкоршавии 465 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 хабар медиҳад, ки гуфта мешавад, чунин нишондиҳанда давоми панҷ моҳ мушоҳида нашудааст.
Ташкентский аэропорт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Ӯзбекистон қоидаҳои вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистонро сангинтар кард
Вазири беҳдошти Қирғизистон дар робита ба оғози мавҷи чаҳоруми коронавирус гуфтааст, ки низоми тандурустии кишвараш ба он омодааст.
Аввалин ҳодисаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Қирғизистон моҳи марти соли 2020 эълон шуда буданд. То имрӯз шумори умумии мубталоён дар ин кишвар ба 187 ҳазор нафар расида, зиёда аз 2,8 ҳазор нафар аз ин беморӣ фавтидааст.
Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон низ аз пайдоиши омикрон хабар дод, ки он аз як шаҳрванди хориҷии мусофир аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ кашф шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0