"Бадхоҳии ҳамешагӣ": вокуниши Вазорати корҳои хориҷӣ ба интиқоди Ғарб аз СПАД

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксБрифинг официального представителя МИД России М. Захаровой
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Ғарб аз амалкарди СПАД дар робита ба рӯйдодҳои ахири Қазоқистон интиқод кард, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия ба он вокуниш нишон дод
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Вокуниши Ғарб ба вуруди нерӯҳои СПАД ба Қазоқистон хашми оддиро нишон медиҳад, гуфт сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова.
Дар ниҳоят онҳо ба буҳрон "вокуниши муассир" нишон дода наметавонанд, гуфт ӯ.
Ба андешаи вай, иттиҳод "корашро ҳамчун пизишки дараҷаи олӣ иҷро кард, яъне вазъиятро фавран мутобиқ ба нишондодҳое, ки эълон шуда буданд, ба эътидол овард".

"Хуб, ин, албатта, боиси хашм аст, ман инро хеле хуб дарк мекунам, зеро тамоми амалиёти ҷаҳони ғарбӣ, ки роҳандозӣ мегардид, баръакс ба нокомӣ дучор мешуд", - шарҳ дод сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ.

Ӯ қайд кард, хашму нафрати афроде, ки аз вуруди СПАД дар Қазоқистон интиқод мекунанд, дар Ғарб қобили фаҳм аст. Махсусан ин ки онҳо бо Афғонистон чӣ кор карданд ва чӣ гуна аз он ҷо рафтанд.
Ёдовар мешавем, тазоҳуроти оммавӣ дар Қазоқистон дар авоили январи соли 2022 оғоз шуда буд. Сабаби баргузории гирдиҳамоӣ ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ гуфта мешавад.
Миротворцы ОДКБ в Казахстане: как они справляются с поставленными задачами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Чӣ гуна нерӯҳои сулҳофари СААД ба Қазоқистон кумак мекунанд - видео
Ҳукумат ба поин овардани қимати гази моеъ розӣ шуд, аммо ин эътрозгаронро қонеъ накард ва он дар дигар шаҳрҳои Қазоқистон доман паҳн карда, ба амалиёти мусаллаҳона табдил гардид.
Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ ва қуюди шабгардӣ ҷорӣ шуда, чорабиниҳои оммавӣ ва фурӯши аслиҳа манъ шуд.
Қосимҷомарт Тоқаев аз СПАД кумак хост ва нерӯҳои посдори сулҳи ин созмон дар барқарории тартибот дар Қазоқистон мадад карданд.
Ҳоло вазъ дар Қазоқистон муътадил буда, дар ҳоли баргашт ба ҳолати муқаррарист.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала