Сипосу миннатдории духтари хурдии Назарбоев аз мардуми Қазоқистон

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузаштан ба хазинаи аксПресс-конференция и показ фильма "Дорога к матери"
Пресс-конференция и показ фильма Дорога к матери - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Ба гуфтаи духтари хурдии президенти собиқ, ҳоло теъдоди зиёде аз шаҳрвандон барои изҳори дастгирӣ аз падараш ба ӯ паёмак мефиристанд
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Духтари худрии раисҷумҳури пешини Қазоқистон Алия Назарбоева гуфт, аз ҳаводиси ахири кишвар хеле нигарон аст.
Алия Назарбоева дар сафҳаи "Facebook"-и худ барои дастгирӣ аз падараш аз мардуми Қазоқистон миннатдорӣ намуд.

"Бо андуҳи зиёд рӯйдодҳои фоҷиабори кишварамонро аз сар мегузаронам. Ҳарфе барои баёни дарду таассуф аз қурбониёни ин ҳодисаро надорам. Ба хонаводаи ҷонбохтагон сабр мехоҳам", - навиштааст ӯ.

Фарзанди президенти қаблии Қазоқистон таъкид намуда, ки ин дарси бераҳмона бигзор дигар дар таърихи Қазоқистон такрор нашавад.
Дар идома Алия зикр намуда, ки падараш Нурсултон Назарбоев паёмакҳои зиёди дастгирӣ аз шаҳрвандони Қазоқистонро дарёфт мекунад ва аз ин рӯ ӯ аз тамоми некхоҳони падараш миннатдорӣ кардааст.
Дарига Назарбаева на четвертом ежегодном заседании международных экспертов Астана Клуб  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Дариға Назарбоева куҷо ғайб зад?
Духтари хурдии раисҷумҳури собиқи Қазоқистон 41 сол дошта, ба тиҷорат, фаъолияти иҷтимоӣ, хайрия ва филмсозӣ машғул аст. Аз моҳи ноябри соли 2017 Алия роҳбарии Ассотсиатсияи созмонҳои экологӣ дар Қазоқистонро бар уҳда дорад.
Ёдовар мешавем, дар пайи эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аксари расонаҳо навиштаанд, ки Нурсултон Назарбоев ҳамроҳ бо хонаводаш ин кишварро тарк кардааст. Духтари калонии ӯ Дариға Назарбоева ҳам рӯзи 12 январ дар маҷлиси парлумонӣ ҳузур надошт. Аммо дафтари матбуотии парлумони Қазоқистон хабар дод, ки Дариға маризи корона шуда ва ба ин далел аз кор мураххас шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала