Маъмурият поён ёфт: Нерӯҳои посдори сулҳи СПАД Қазоқистонро тарк мекунанд - видео

Обуна шудан
Пас аз ба эътидол омадани вазъ дар Қазоқистон нерӯҳои посдори сулҳ аз қаламрави ин давлати узви СПАД хориҷ мешаванд
Иттиҳодияи дастаҷамъонаи посдорони сулҳи СПАД ба интиқоли объектҳои таҳти ҳимоя гирифташудааш ба сохторҳои марбути Қазоқистон шуруъ кард, хабар медиҳад Вазорати дифои Русия.

"Тибқи нақшае, ки фармондеҳии нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи СПАД ва Вазорати дифои Қазоқистон таҳия кардаанд, ба ихтиёри ниҳодҳои қудратии Қазоқистон додани объектҳои аҳамияти иҷтимоидошта, ки аз ҷониби нерӯҳои посдори сулҳ ҳифз мешуданд, оғоз гардид", — омадааст дар хабар.

Ҳарбиён ба омода кардани интиқоли таҷҳизот ва мавод барои бозгашт ба нуқтаҳои ҷойгиркунии доимӣ шуруъ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, баргардонидани низомиён ва техника тавассути ҳавопаймоҳои низомии Русия роҳандозӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, пас аз эътирозҳои оммавӣ, ки дар Қазоқистон дар авоили моҳи январ оғоз шуданд, дар ин кишвар ғоратгарӣ сурат гирифт, муътаризон ба ниҳодҳои давлатӣ ҳамла карда, силоҳҳои низомиёнро гирифтанд.
Маълум шуд, ки низомиёни тоҷик кай Қазоқистонро тарк мекунанд
Президенти Қазоқистон барои рафъи хатари террористӣ ба СПАД муроҷиат кард. Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД тасмим гирифт, ки то ба эътидол омадани вазъ нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи ин созмонро ба Қазоқистон фиристад.
Дар маҷмуъ ба қаламрави Қазоқистон наздик ба 4000 сарбоз ворид шуд, ки се ҳазор аз нерӯҳои низомии Русия, 500 тан аз Белорусия ва мутаносибан 150 ва 100 нафар низомӣ аз Қирғизистону Арманистон буданд.
Дар навбати худ Тоҷикистон 200 нафар нерӯи посдори сулҳро ба ин кишвар фиристод.
Вазифаи асосии сулҳбонон дар Қазоқистон ҳимояти объектҳои муҳимти стратегӣ ва расондани ёрӣ ба нерӯҳои қазоқ дар ҷиҳати ҳифзи тартибот дар кӯчаҳо буд.
Лентаи хабарҳо
0