Пешбинии иқтисоддон дар бораи ояндаи доллар: бояд харид ё на?

© Sputnik / Максим БлиновДенежные купюры.
Денежные купюры. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Коршинос мегӯяд, агар касе шароити ҳифзи доллар ба муддати даҳ солро дорад, метавонад ин асъорро харидорӣ намояд, дар ғайри сурат соҳиби пул зарар хоҳад дид
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Долларро дар он вақт бояд харид, ки агар сармоягузор омода бошад, то асъорро тӯли 10 сол бо худ нигоҳ дорад. Дар ин бора Михаил Ганелин, таҳлилгари аршади гурӯҳи сармоягузории "Антон" дар суҳбат бо агентии "Прайм" ибрози назар кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло доллар суолҳои зиёдеро дар робита ба таваррум ба миён меорад. Ҳол он ки дар солҳои охир пули Амрико ба унвони яке аз васоити ҳифзи сармоя шинохта мешавад.
Коршинос даъват кардааст, ки дар соли 2022 ҳангоми харидани доллар эҳтиёткор бояд буд. Аммо сарфи назар аз омилҳои хавфзо вазъияти мусоид барои пули Русия ба вуҷуд меояд. Сармоягузорон бинобар омилҳои геополитикӣ ба харидани доллар шуруъ мекунанд.
Аммо агар ягон вазъияти фалокатовар рӯй надиҳад, нархи ашёи хом дар сатҳи баланд боқӣ мемонад ва ин барои рубл низ хуб хоҳад буд", - таъкид кард Ганелин.
Горящий доллар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Дар "ҷанг"-и доллару евро кадоме аз онҳо пирӯз мешавад?
Хавфи асосӣ барои доллар афзоиши таваррум дар Иёлоти Муттаҳида дар соли 2022 гуфта мешавад.
Мутахассис таъкид кард, ки дар ояндаи наздик таваҷҷуҳи амонатгузорон ба доллар коҳиш меёбад.
Аммо ба гуфти Ганелин, доллар дар баробари рубл дар 10-15 соли охир беҳтарин асъор барои ҳифзи сармоя хоҳад буд.
Ба бовари коршинос, дар шароити номуайянӣ беҳтар аст, на ба пули Амрико, балки сармояро ба воситаи “арзишҳои абадӣ” ҳифз кунем, ки яке аз онҳо тило аст.
Қаблан Юлия Финогенова, профессори кафедраи молия ва нархи Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов гуфта буд, ки эҳтимол дар соли 2022 доллару евро дар ҳоли бархӯрд қарор гиранд, ки ин вазъ ба тақвияти аввалӣ мусоидат хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала