Раҳмон ба Тоқаев занг зад: ҷузъиёти суҳбати президентҳо

© Пресс-служба президента ТаджикистанаОфициальный визит Президента Касым-Жомарт Токаева и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Душанбе
Официальный визит Президента Касым-Жомарт Токаева и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Обуна шудан
Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъи кунунии Қазоқистон иттилоъ додааст.
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ гуфтугӯ кардааст.
Сарони давлатҳо зимни гуфтугӯи телефонӣ вазъияти кунунии Қазоқистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.
Президенти Қазоқистон дар хусуси барқарор гардидани суботу оромӣ дар кишвар ва аз имрӯз оғоз гардидани хуруҷи нерӯҳои муттаҳидаи сулҳофари СААД аз ин ҷумҳурӣ ба ҳамтои тоҷикаш иттилоъ додааст.
Тоқаев ба Тоҷикистон барои дастгирӣ ва мусоидат изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, низомиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳайати маҳдуди нерӯҳои сулҳофари СААД дар Қазоқистон қарор доранд, 14 январи соли равон ба Тоҷикистон бармегарданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон ва дурнамои рушди онро муҳокима кардаанд.
Президент Касым-Жомарт Токаев и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Ҳамдардем: Раҳмон ба Тоқаев барқияи таслият ирсол кард
Ёдовар мешавем, эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли 2022 оғоз шуданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби ин кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ ба кӯчаҳо рехтанд.
Баъдтар ин гуна эътирозҳо ба дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти куҳна ва калонтарин шаҳри Қазоқистон паҳн шуданд. Дар муддати кӯтоҳе даҳҳо иншоот сӯзонда ва ғорат шуданд.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, бар асари ин ошӯбҳо дар Қазоқистон 164 нафар кушта шуд.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев хисороти ин ноамниҳоро 2-3 миллиард доллар эълон кард.
Ҳукумати ин кишвар дар посух ба ҳамаи бетартибиҳо то 19 январ дар сартосари Қазоқистон вазъияти изтирорӣ эълон кард ва амалиёти зиддитеррористӣ оғоз намуд.
Ҳоло вазъият дар Қазоқистон муътадил аст ва аксари корхонаву муассисаҳо ба кор шуруъ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0