Рустами Эмомалӣ аз панҷ соли роҳбарияш ҳисобот доду аз душанбегиҳо як хоҳиш кард

Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз панҷ соли роҳбарии худ дар ин маснад ҳисобот дод
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе панҷ соли фаъолияти худ дар маснади мири ин шаҳрро ҷамъбаст кард ва ҳисобот дод, ки давоми ин панҷсола баҳри ободии пойтахти Тоҷикистон чӣ корҳое анҷом додааст.
Мири шаҳр дар ҳисоботаш зикр намуд, ки давоми панҷ соли ахир муаассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе бо 35 мошини ёрии таъҷилӣ ва дастгоҳҳои нави ташхис таъмин шуданд. Илова бар ин дар ин муддат аз ҳисоби маблағҳои раиси шаҳр 118 кӯдаки бемори дил ҷарроҳӣ шудаанд.
Дар рафти ҳисоботдиҳӣ Рустами Эмомалӣ аз сокинони Душанбе хоҳиш намуд, дар замони пандемияи коронавирус, ки тамоми дунёро дар ҳолати ногувор қарор додааст, ба моякӯбӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд.
Жезл ГИБДД  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Ваксина занед, баъд ба Душанбе равед: муроҷиати БДА-и Суғд
Ба иттилои ӯ, аз моҳи феврали соли ҷорӣ марҳилаи навбатии ваксинагирӣ оғоз меёбад ва зимнан ӯ аз тамоми сохторҳои марбута даъват кард, сокинони пойтахтро бо ваксина таъмин кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки то 13 январи соли ҷорӣ 725 ҳазор нафар аз сокинони пойтахт моякӯбӣ шудаанд.
Ваксинзанӣ алайҳи бемории коронавирусро мутахассисон ягона роҳи эмин мондан аз ин беморӣ арзёбӣ мекунанд.
Ба таъкиди олимон, ваксина агарчи садди роҳи сироят нашудани одамон бо вирус намегардад, вале нафарони ваксинашуда ин маризиро ба фарқ аз ваксиннашудаҳо сабуктар мегузаронанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала