ВКД Русия метавонад муҳоҷиронро барои нақзи тартиботи ҷамъиятӣ ихроҷ кунад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкПешеходы идут по Патриаршему мосту в Москве, архивное фото
Пешеходы идут по Патриаршему мосту в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Обуна шудан
Дар соли нав мақомоти Русия ба ислоҳоти қонунгузории муҳоҷират бо мақсади таъмини амнияти ҷомеа шуруъ намуданд
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Пас аз ин тағйирот дар пайи қонуншикании шадиди маъмурӣ коргарони муҳоҷир ихроҷ хоҳанд шуд. Дар ин бора сардори Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия Валентина Казакова хабар дод.
"Масъалаи ворид кардани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия дар робита ба ҷорӣ кардани ҷавобгарӣ барои хориҷиён дар шакли ихроҷ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии дағалона баррасӣ мешавад", - шарҳ дод ӯ.
Ба гуфтаи Казакова, ин навоварӣ бахше аз корҳои такмили механизмҳои назорати будубоши хориҷиён дар Русия аст.
Вай ёдовар шуд, ки дар чаҳорчӯби ислоҳоти қонунгузории муҳоҷират ҷорӣ кардани санади ягона дар формати электронӣ дар назар аст, ки иттилооти хусусии нафари воридшуда дар он сабт мешавад.
Центр содействия мигрантам в Волгограде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Патент ду баробар бештар дода шуд: шарҳи вазъи муҳоҷират дар Русия
Қаблан гуфта мешуд, аз 1 январи соли 2022 қонуне эътибор пайдо хоҳад кард, ки ба ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз қаламрави Федератсияи Русия иҷозат медиҳад.
Ҳамчунин аз 29 декабри соли 2021 ба ин сӯ хориҷиёне, ки ба муддати беш аз 90 рӯз дар хоки Русия боқӣ мемонанд, мулзам ба супоридани изи ангушт ва аксбардорӣ ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0